Имрӯз дар ҷаласаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ки асосан ба супурдани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи фарҳанг бахшида шуд, се тан аз кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – Сайнурдин Акобиров, котиби Шӯрои олимон, Саид Маҳмудов, муаллими кафедраи “Санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ ва Эркин Суюнов, мудири кафедраи “Дизайн ва меъморӣ” бо медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шуданд.

Мукофотро ба шахсони сазовор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа супурд.

Мукофот муборак!