Рӯзи 16.04.2018,  соати 11:30 дар толори донишкада намоиши корҳои эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети  санъати тасвирӣ таҳти унвони «Зебоӣ  меофарем» ифтитоҳ  гардид, ки дар он зиёда аз 50  офаридаҳо ба намоиш гузошта шуданд. Намоиш ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил карда шуд.  Дар намоиш  донишҷўёни курсҳои 1-5,  ихтисосҳои мухталиф  ба монанди мусаввирии дастгоҳӣ, графикаи дастгоҳӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати муҷассамавӣ-ороишӣ ва санъати ороишӣ-амалӣ(наққошӣ, коркарди бадеии чўб, заргарӣ) фаъолона иштирок намуданд. шуданд. Аз ҷониби онҳо  мусаввараҳо, аз қабили манзараҳо, натюрмортҳо, композитсияҳои эҷодӣ, асарҳои графикӣ, корҳои  ороишӣ – амалӣ: наққошиҳо (кундал), асарҳои кандакорӣ, маҳсулоти заргарӣ ва корҳои ҳайкалтарошӣ пешниҳод гардиданд.

Қобили таваҷҷўҳ аст, ки ба донишҷўён нозукиҳои касб ва махоратро чунин устодони варзида, профессорон, рассомони шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди — Рассоми Халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор  Исуфҷон Сангов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакаров, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, мудири кафедраи графикаи дастгоҳӣ ва санъатшиносӣ Фаррух Хоҷаев, Носирбек Нарзибеков, Умеда Мардихудоева. мудири кафедраи санъати ороишӣ-амалӣ Абдураҳмон Назирматов ва устодони кафедраи мазкур Маҳмадкарим Рақибов,  Саид Маҳмудов,  Азиз Гадоев , ва рассомони ҷавони умедбахш Беҳрӯз Забиров, Равшан Рӯзибоев, Фируза Ҳамитова, Лайло Қурбонова, Меҳриддини Абдусаид, Саодат Боронова, Фаррух Атоев, Гулов Далер ва дигарон  меомўзонанд. Декани факултети мазкур Ҷамила Худойбердиева ҳамеша сайъю кушиш менамояд, ки дар факултет муҳити эҷодӣ фароҳам бошад.

Вобаста ба ифтитоҳи намоиши мазкур дар маҷлисгоҳи донишкада маҷлиси тантанавӣ баргугор гашт. Сухани ифтитоҳӣ ба ректори донишкада номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат дода шуд. Аз чониби ректор ба омўзгорон ва донишҷўёни беҳтарини факултет  ифтихорнома супорида шуд. Ҳамзамон аз ҷониби иттифоқи касабаи донишкада ба 3 нафар донишҷўёни ятиму камбизоат кўмакпулӣ дода шуд.