Таҳти ҳамин унвон дар толори маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон, магистрантон, олимони ботаҷрибаву ҷавон ва дигар меҳмонон аз муассисаҳои илмию фарҳангии пойтахт конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректори донишкада Одиназода Б.Э оғоз ёфта, аҳли толор маърӯзаҳои муаллими калони донишкада, мудири кафедраи санъати амалӣ ва монументалӣ Муноҷот Бойматова “Композитсия дар нақш”, директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Дилшод Раҳимӣ “Ифодаи номи рангҳо дар гуфтори ҳунармандон”, магистранти курси дуюми донишкада Мумина Мусоева “Усулҳои гузаронидани таҳлили молиявӣ дар корхона”-ро бо мароқ шуниданд.

Дар атрофи маърӯзаҳо мубоҳиса сурат гирифт ва пас аз баргузории дарси амалии наққошии Муноҷот Бойматова дар устохонаи  наққошӣ, иштирокчиён дар алоҳидагӣ дар панҷ бахш – санъатшиносӣ, дизайн, технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёт, таърих, забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ конференсияро идома доданд.

Ба конференсия беш аз 60 маърӯзаи илмӣ ва илмию оммавии ба санъати тасвирию дизайн алоқаманд пешниҳод гардида, шунида шуданд.