Тибқи нақша-чорабиниҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бахшида ба Рӯзи байналмилалӣ мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, нозири калони Сарраёсати муқовимат ба коррупсия Азизода Мастона Иброҳим бо ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Чорабиниро декани факултети “Дизайн” Усмонов Субҳон кушод.
Дар чорабинӣ нозири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Сайдалиев Орзу дар мавзӯи “Омилҳои хатарноки коррупсия дар ҷомеа” маърӯза кард. Дар охир бо намояндаи Агентӣ музокироти ошкоро барпо гардид.
Чорабинӣ дар рӯҳияи дастгирии ҳаматарафа аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт.