30.10.2019.    Бахши ҷавонони донишкада тибқи нақшаи корӣ бо мақсади баланд бардоштани раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳисси худшиносии миллӣ, ҷаҳонбиниву зиракии сиёсӣ, пешгирии муноқишаҳои байнигурӯҳӣ бо истифода аз омилҳои сард, эмин нигоҳ доштани зехну афкори онҳо аз андешаҳои носолими иртиҷоӣ, эҳтирому маҳбубият ба диёр ва марҳилаи нави созандагию бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси чорабиниҳои муштараки Раёсати Кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамиён Абдурашид, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин,  намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон  Дилошуб Розиқов, мудири бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе   Гулов Махкамбой,         роҳбари гурӯҳи “Авангард” дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Камолзода Муборакшо, мудири бахши кор бо ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур, иштирок ва баромад намуданд.