Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии муовини раиси шаҳр Муинӣ Мавсума Муинзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода бо донишҷӯёну устодони донишкада барпо гардид.
Муинӣ Мавсума Муинзода дар баромади худ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар – бунёди роҳу шоҳроҳҳои нави замонавӣ, шумораи зиёди боғу гулгашт, варзишгоҳ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ ва бахусус шаҳри Душанбе сухан ронд. “- Сохтмони хонаҳои баландошёна симои пойтахтамонро ба таври шинохтанашаванда дигаргун кард. Бо ба кор андохта шудани ду агрегати НБО-и “Роғун” яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат — истиқлолияти энергетикӣ таъмин гардид”,- гуфт мавсуф ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба дастовардҳои истиқлолият бетараф набошанд, онҳоро миёни мардум ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб кунанд.
Шоҳзод Раҳимзода низ аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон мисолҳои зиёде оварда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳуриро қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ва мактаби мардонагӣ номид.