20.11.2018. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон корҳои эҷодии омӯзгоронро, ки дар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт баргузор гардид, муаррифӣ намуданд. Дар ин намоиш мусаввараҳои рассомони тоҷик, ки аллакай дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуда буданд, ба марази тамошо гузоштанд. Ин намоиши зеборо зиёда аз 178 ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ боздид намуда бо фарҳанги куҳанбунёди миллати мо ошно гардиданд.