Saturday, May 23, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ 

22.05.2026

Таърих рӯҳи миллат, хотираи ҷамъиятӣ ва пояи худшиносии миллӣ мебошад. Миллате, ки гузаштагони худро эҳтиром мекунад, дар асл ояндаи худро ҳифз менамояд. Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо ба ҳуввияти миллӣ таҳдид мекунанд, масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ ба яке аз масъалаҳои калидии давлатдории миллӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги маънавӣ ва фалсафӣ касб мекунад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи бознигарии таърихи миллӣ, эҳёи ном ва корномаи фарзандони сарсупурдаи миллат, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Бозгардонии мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад рӯйдоди амиқи фарҳангӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мебошад. Ин иқдомро метавон ҳамчун пирӯзии адолати таърихӣ бар фаромӯшӣ арзёбӣ намуд. Дар асл, сухан танҳо дар бораи интиқоли хок набуда, дар бораи бозгашти хотираи миллӣ, эҳёи виҷдони таърихӣ ва эҳтиром ба поягузорони давлатдории тоҷикон меравад.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини давлатҳои миллӣ ташаккули “хотираи умумимиллӣ” мебошад. Миллат танҳо бо забон ё ҳудуд зинда намонда, бо хотираи муштарак, қаҳрамонон ва рамзҳои маънавии худ бақо хоҳад дошт. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар як миллате мекӯшад, ки шахсиятҳои таърихии худро ҳамчун рамзи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ гиромӣ дорад. Дар таҷрибаи бисёр давлатҳои ҷаҳон оромгоҳҳои шахсиятҳои миллӣ ба марказҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Оромгоҳи Алишер Навоӣ дар Ӯзбекистон, Фирдавсӣ дар Эрон, Мустафо Камол Отатурк дар Туркия ва ё Наполеон дар Фаронса маркази тарбияи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд.

Тоҷикистон низ имрӯз ба марҳилае расидааст, ки метавонад як низоми комили фарҳанги хотираи миллӣ ва эҳтироми милии таърихиро ташаккул диҳад. Бозгашти хоки қаҳрамонони миллат оғози ҳамин раванди бузург аст. Дар фарҳанги шарқӣ, махсусан, дар ҷаҳонбинии тоҷикон мафҳуми “Ватан” ҳудуди ҷуғрофӣ набуда, Ватан барои тоҷикон муқаддасот, сарзамини рӯҳ ва макони пайванди аҷдодӣ мебошад. Аз ин рӯ, бозгашти фарзандони миллат ба оғӯши Ватан, ҳатто баъд аз марг, дорои маънои амиқи ирфонӣ ва фалсафист. Ин бозгаштро метавон ҳамчун барқарор гардидани адолати таърихӣ маънидод кард. Зеро онҳое, ки барои пайдоиши миллат мубориза бурдаанд, бояд дар оғӯши ҳамон миллат ором гиранд. Ин масъала зарурати маънавии давлатдории миллӣ мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон имконияти воқеӣ дорад, ки як оромгоҳи миллии бузургони тоҷиконро таъсис диҳад, чун маҷмааи бузурги таърихию фарҳангӣ ва маънавие, ки дар он хотираи фарзандони бузурги миллат гиромӣ дошта шавад. Чунин макон метавонад, бо услуби меъмории миллии тоҷикӣ, бо унсурҳои санъати наққошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ ва хаттотии суннатӣ бунёд гардад. Ин маҷмаа як маркази бузурги фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ хоҳад шуд. Дар ҳамин замина, пешниҳод дорам, ки тибқи имконият ва бо роҳҳои дипломатӣ масъалаи бозгардондани хоки оромгоҳи дигар бузургони миллат низ баррасӣ шавад. Аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, поягузори давлатдории тоҷикон, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, муаррифгари фарҳанги ирфонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар бузургони фарҳангу маърифати миллат. Овардани муште аз хоки рамзии мазорҳои онҳо метавонад дорои аҳамияти бузурги маънавӣ гардад. Ин иқдом ба эҳёи пайванди таърихии миллат бо мероси тамаддунии худ мусоидат менамояд.

Дар шароити муосир фарҳанг ба яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бунёди як маҷмааи бузурги миллӣ метавонад Тоҷикистонро ба маркази нави зиёрати фарҳангии минтақа табдил диҳад. Ин маҷмаа метавонад дар оянда маркази зиёрати маънавии шаҳрвандон гардад, макони омӯзиши таърихи миллӣ барои ҷавонон шавад, маркази баргузории ҳамоишҳои илмӣ ва фарҳангӣ бошад ва яке аз марказҳои муҳими соҳаи сайёҳии байналмилалӣ гардад. Сайёҳони хориҷӣ на танҳо табиати Тоҷикистон, балки фарҳанг ва таърихи онро низ мехоҳанд бишносанд. Эҳтиром ба миллат метавонад, ба яке аз рамзҳои нави фарҳангии Тоҷикистон табдил ёбад.

Яке аз мушкилоти ҷомеаи муосир коста гардидани пайванди маънавӣ-ахлоқии ҷавонон бо таърих мебошад. Насли нав бояд донад, ки истиқлолият ва давлатдорӣ бо чӣ қурбониҳо ба даст омадааст. Ҳар миллате, ки қаҳрамонони худро фаромӯш мекунад, тадриҷан худшиносии худро аз даст медиҳад. Аз ҳамин рӯ, эҳёи хотираи шахсиятҳои миллӣ масъалаи амнияти маънавии давлат аст. Маросими гиромидошти фарзандони миллат, бунёди оромгоҳи миллӣ ва ташаккули фарҳанги эҳтиром ба таърих метавонанд дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург бозанд.

Хулоса, Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ба марҳилаи нави худшиносии таърихӣ ворид шудааст. Эҳёи хотираи фарзандони фарзонаи миллат, бозгардондани хоки қаҳрамонони миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии онҳо нишонаи камолоти давлатдории миллӣ мебошад. Ин сиёсат собит месозад, ки давлат ва миллат гузаштагони худро фаромӯш намекунанд. Зеро миллате, ки таърихи худро гиромӣ медорад, ояндаи худро низ устувор месозад. Дар ин замина, оромгоҳи бузургони миллат метавонад ба рамзи нави фарҳангии Тоҷикистон табдил ёбад, чун рамзи пайванди таърих, фарҳанг, маърифат ва давлатдорӣ. Маҳз бо аҳаммияти ҳамин омил бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар пойтахти мамлакатамон имрӯз беш аз пеш мубрамият пайдо мекунад. Бо назардошти ин иқдоми ватандӯстона ва миллатпарваронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба бунёди ин маҷмаа пурра қобили дастгирӣ буда, саҳмгузории маънавии ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар бунёди он вазифаи муқаддастарин дониста мешавад. Умедворем, ки дар оянда ин маҷмаа яке аз марказҳои бузурги тамаддунии минтақа мегардад, маконе, ки дар он рӯҳи таърих бо рӯҳи истиқлол бо ҳам мепайвандад.

 

ҶУРАХОНЗОДА Сироҷиддин Шамсулло,

ректори Донишкадаи давлатии санъати

тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,

номзади илмҳои меъморӣ

Ба қафо

ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ  22.05.2026
  • ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 21.05.2026
  • ИФТИТОҲИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ “ЭБРУ”, 3D ВА КОЛИГРАФИЯ ДАР ДОНИШКАДА 18.05.2026
  • ЭЪЛОН 15.05.2026
  • КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ОСОРИ МОНУМЕНТАЛИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД 15.05.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон