Меҳргон дар радифи Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми форсизабон ба шумор рафта, решаҳои он ба умқи таърих ва фарҳанги ориёӣ мерасад. Ин ҷашни бостонӣ бо фарорасии тирамоҳ, ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва арҷгузорӣ ба заҳмати деҳқон иртиботи ногусастанӣ дорад. Меҳргон дар тӯли асрҳо ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат, дӯстӣ, ҳамбастагӣ, фаровонӣ ва баракати зиндагӣ дар хотираи таърихии мардум ҷойгоҳи устувор пайдо карда, то замони мо расидааст.
Вожаи «Меҳргон» аз калимаи «меҳр» ва пасванди «-гон» таркиб ёфтааст. Меҳр дар фарҳанги куҳани эронӣ мафҳумҳои дӯстӣ, муҳаббат, самимият ва пайванди инсонҳоро ифода мекард. Ҳамзамон, Меҳр бо рӯшноӣ ва Хуршед иртибот дошта, дар ҷаҳонбинии ниёгони мо рамзи равшанӣ, гармӣ ва неруи ҳаётбахши табиат ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Меҳргонро метавон ҷашни меҳру муҳаббат, рӯшноӣ, фаровонӣ ва арҷгузорӣ ба неъматҳои зиндагӣ донист.
Меҳргон аз замонҳои бостон дар байни мардумони эронитабор бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешуд. Агар Наврӯз муждаи эҳёи табиат, оғози киштукори баҳорӣ ва фарорасии соли нави табиат бошад, Меҳргон рамзи анҷоми мавсими асосии корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосил ва натиҷагирӣ аз заҳмати чандмоҳаи кишоварзон аст. Ин ду ҷашни миллӣ бо ҳам пайванди маънавию фарҳангӣ дошта, давраҳои муҳими ҳаёти табиат ва фаъолияти инсонро инъикос мекунанд. Наврӯз ба оғози давраи нави кишоварзӣ замина мегузорад, Меҳргон бошад, самараи заҳматҳои деҳқонро таҷассум намуда, мардумро ба қадршиносии неъматҳои табиат ҳидоят мекунад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ маълумоти ҷолибе оид ба пайдоиш ва тарзи таҷлили Меҳргон боқӣ мондааст. Тибқи тақвими қадими зардуштӣ, рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳр ба ин ҷашн бахшида мешуд. Азбаски номи рӯзи шонздаҳум ва моҳи ҳафтуми тақвимӣ яксон буд, ҳамзамон омадани онҳо барои таҷлили ҷашни Меҳргон асос гузошт. Ин ҷашн дар миёни мардумони қадим бо оғози фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваришёфта алоқаманд буд.
Дар аҳди Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён Меҳргон аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ ва мардумӣ ба шумор рафта, бо маросимҳои бошукӯҳ таҷлил мегардид. Дар ин рӯзҳо шоҳон, ашрофон ва намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷамъ омада, бо суруду мусиқӣ, базму нишот ва маросими идона фарорасии Меҳргонро истиқбол мегирифтанд. Меҳргон дар баъзе давраҳои таърихӣ бо маросимҳои дарборӣ, тақдими ҳадяҳо ва пазироии намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамроҳ будааст.
Абурайҳони Берунӣ дар асари машҳури худ «Осор-ул-боқия» ба Меҳргон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар бораи таърихи пайдоиш ва анъанаҳои таҷлили он маълумот додааст. Ба навиштаи ӯ, ин ҷашн ба ду бахш — «Меҳргони омма» ва «Меҳргони хосса» ҷудо мешуд. Меҳргони омма аз рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳр оғоз ёфта, маросими идона дар давоми шаш рӯз идома мекард. Рӯзи охирро Меҳргони хосса меномиданд. Дар ин рӯз мардум бо либосҳои идона, хони пурнозу неъмат, суруду мусиқӣ ва дигар оинҳои суннатӣ ҷашн мегирифтанд.
Яке аз анъанаҳои маъмули ин ҷашни бостонӣ оростани хони меҳргонӣ буд. Дар он меваҳои гуногун, анор, себ, ангур, сабзавот, шириниҳо, нӯшокиҳои суннатӣ ва гулҳои рангоранг гузошта мешуданд. Ҳар унсури дастархони идона баёнгари фаровонӣ, шукргузорӣ ва орзуи рӯзгори обод буд. Дар маросимҳои қадим сурудҳои махсуси меҳргонӣ низ иҷро мегардиданд, ки аз ҷумлаи онҳо «Меҳргонии бузург» ва «Меҳргонии хурдак» ном бурда мешаванд. Ин анъанаҳо нишон медиҳанд, ки ҷашнҳои ниёгон бо мусиқӣ, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги рӯзгори мардум пайванди амиқ доштаанд.
Меҳргон дар рушди адабиёти форсу тоҷик низ нақши муҳим гузоштааст. Шоирони бузурги мо дар осори худ аз ин ҷашни бостонӣ ёд намуда, зебоӣ, шукӯҳ ва маънои иҷтимоии онро васф кардаанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Масъуди Саъд ва дигар суханварон бо ашъори хеш арзишҳои фарҳангии ниёгонро гиромӣ доштаанд. Аз ҷумла, устод Рӯдакӣ бо самимияти хос фарорасии ин ҷашнро чунин тасвир кардааст:
«Малика, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад».
Ин байт аз мақоми баланди Меҳргон дар зиндагии сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи қадим шаҳодат медиҳад. Зикри ҷашн дар осори шоирони классик далели он аст, ки Меҳргон дар тӯли асрҳо дар муҳити фарҳангии мардуми мо ҷойгоҳи намоён дошта, аз насл ба насл интиқол ёфтааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Меҳргон робитаи бевоситаи он бо зиндагии кишоварзон мебошад. Дар фарҳанги суннатии тоҷикон деҳқон ҳамчун офарандаи неъматҳои моддӣ, таъминкунандаи рӯзгори мардум ва неруи пешбарандаи ободонии деҳот эҳтироми хос дошт. Меҳргон фурсати муносибе буд, ки заҳмати ӯ қадр карда шавад, натиҷаи корҳои саҳроӣ ҷамъбаст гардад ва барои мавсими нави кишоварзӣ ниятҳои нек баён карда шаванд. Ин ҷашн ҳамзамон мардумро ба эҳтироми замин, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, сарфакорӣ ва ҳифзи муҳити зист даъват менамояд.
Осори таҷлили Меҳргон дар сарзаминҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон боқӣ мондааст. Ин воқеият аз паҳншавии фарҳанги муштараки таърихӣ ва мақоми кишоварзӣ дар зиндагии мардумони минтақа шаҳодат медиҳад. Дар ҷомеаҳои суннатӣ ҷамъоварии ҳосил ҳодисаи одии хоҷагидорӣ набуда, аҳаммияти иҷтимоӣ ва маънавӣ дошт. Зеро фаровонии ҳосил ба таъмини рӯзгор, амнияти озуқаворӣ ва суботи иқтисодии хонаводаҳо вобаста буд. Аз ин ҷиҳат, Меҳргонро метавон ҷашни қадршиносии меҳнати ҳалол ва рамзи умед ба зиндагии обод низ арзёбӣ кард.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам омад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 Меҳргон дар кишвар мақоми ҷашни миллӣ гирифт. Ин иқдом дар роҳи ҳифзи мероси фарҳангии ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ ва ба наслҳои ҷавон расонидани арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик аҳаммияти муҳим дорад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди суннатҳои миллӣ боис гардид, ки Меҳргон дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мақоми шоистаи худро пайдо намояд. Имрӯз ин ҷашн дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо баргузории намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ватанӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ таҷлил мегардад.
Дар ҷашнҳои Меҳргон деҳқонон дастранҷи худро ба намоиш гузошта, навъҳои гуногуни меваю сабзавот, ангур, зироатҳои полезӣ, асал ва дигар маҳсулоти кишоварзиро муаррифӣ мекунанд. Ин чорабиниҳо барои табодули таҷриба, муаррифии дастовардҳои соҳа, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба меҳнати кишоварзон мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, баргузории чунин намоишҳо имконият фароҳам меорад, ки мардум бо гуногунии маҳсулоти ватанӣ, анъанаҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ бештар шинос шаванд.
Кишоварзии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва рушди иқтидори содиротӣ нақши муҳим дорад. Маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, ангур, маҳсулоти полезӣ ва асал, барои қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои дигар аҳаммияти калон доранд. Дар баробари афзоиши истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот, риояи талаботи байналмилалӣ, рушди коркарду бастабандӣ ва густариши имкониятҳои нигоҳдорӣ метавонанд ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат намоянд.
Меҳргон дар шароити имрӯза аҳаммияти тарбиявию маърифатӣ низ дорад. Он насли наврасро ба эҳтироми таъриху фарҳанги миллӣ, қадршиносии меҳнати инсон, муносибати масъулона ба замин ва ҳифзи неъматҳои табиат ҳидоят мекунад. Дар шароите, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим, камобӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, мазмуни меҳнатдӯстона ва табиатпарваронаи Меҳргон боз ҳам муҳимтар мегардад. Ин ҷашн ёдрас мекунад, ки фаровонии рӯзгор аз меҳнати содиқона, истифодаи оқилонаи имкониятҳо ва ҳамкории инсон бо табиат вобаста аст.
Ҳифзи анъанаҳои меҳргонӣ ва тарғиби онҳо дар байни ҷавонон вазифаи муҳими ҷомеа мебошад. Омӯзиши таърихи ҷашн дар муассисаҳои таълимӣ, баргузории маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва шиносоии хонандагону донишҷӯён бо суннатҳои кишоварзӣ метавонанд барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон заминаи мусоид фароҳам оваранд. Меҳргон арзишҳои инсондӯстӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузориро тарғиб намуда, мардумро ба корҳои созанда ва ободонии Ватан раҳнамун месозад.
Ҳамин тавр, Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои куҳанбунёди миллати тоҷик буда, таърихи пурғановат, мазмуни амиқи маънавӣ ва аҳаммияти иҷтимоии худро то имрӯз нигоҳ доштааст. Он таҷассуми пайванди инсон бо табиат, рамзи қадршиносии заҳмати деҳқон ва нишонаи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии гузаштагон мебошад. Эҳёи ин ҷашни миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими худшиносии мардум, ҳифзи суннатҳои аҷдодӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву ватандӯстӣ заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Субҳон УСМОНОВ,
мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, профессор
