Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои  занони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мавзӯъҳои риояи пӯшиши сарулибоси тавсиявии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯён ва омӯзгорони макотиби олии ҷумҳурӣ, ахлоқу маърифат, интизом ва рафтори омӯзгорони ҷавон, интихоби аъзоёни Шӯрои занони донишкада ва мушкилоти ҷавондухтарони донишҷӯ мавриди гуфтугӯ ва муҳокима қарор дода шуд.

Кори ҷаласаро раиси Шӯрои занони донишкада Зумрад Умарова ва муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева пеш бурданд. Доир ба риояи пӯшиши сарулибоси тавсиявӣ Зумрад Умарова ва дар мавзуи ахлоқи омӯзгорони ҷавон Ҷамила Худойбердиева баромад карданд.

Ҷаласа аъзоёни нави Шӯрои занонро интихоб кард.