Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия яке аз сохторҳои муҳими Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” ба ҳисоб рафта, роҳбарӣ ва назоратро аз болои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотии омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, илмӣ-эҷодӣ ва илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, инчунин татбиқи барномаҳои таълимию илмӣ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура (аз рӯи ихтисоси доктори PhD) ба зимма дорад.
Фаъолияти шуъба тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, дар самти ҷалби бештари омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-эҷодӣ ва таҳқиқотӣ саҳми назаррас мегузорад.
Айни замон, дар Донишкада мутахассисони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки дар байни онҳо арбобони ҳунари Тоҷикистон, барандагони мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали “Хизмати шоиста” низ фаъолият менамоянд. Ин нукта далели сатҳи баланди омодагии кадрҳо ва сифати таълим дар муассиса ба ҳисоб меравад.
Сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
Сайфуллоева Шаҳноза Иззатуллоевна
Сайфуллоева Шаҳноза Иззатуллоевна 21 июли соли 1986 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2008 Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси фарҳангшинос хатм кардааст. Муаллифи дастурҳои таълимӣ ва методӣ, инчунин як қатор мақолаҳои илмӣ мебошад. Унвонҷӯи АМИТ буда, дар мавзӯи “Культовая тематика в терракотах Бактрии-Тохаристан и Согда (конца IVвека до нашей эры – VII век нашей эры)» корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст. Аз соли 2017 ассистенти кафедраи санъатшиносӣ мебошад.