Рӯзи 01.10.2022 дар қироатхонаи китобхонаи ДДСТДТ ба муносибати бузургдошти “Рӯзи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддинӣ Балхӣ” чорабинӣ доир гашт. Дар чорабинӣ донишҷӯёни соли аввали таҳсили факултаи санъати тасвирӣ Мирзоғоибов Сайҳомид ва Ҷалилзода Аҳдия барандагӣ карданд.
Чорабиниро мудири бахши ҷавонон Саидов Наврӯз бо қироати ғазали Мавлоно Ҷалолидини Румӣ ифтитоҳ намуд.
Дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров С., дар маърузаи худ бо номи устод Рӯдаки “Поягузори адабиёти форсу тоҷик” то чи андоза дар адабиёти форсу тоҷик нуфӯз доштани “ Маликушшуаро” Рӯдакӣ бо далелҳои таърихӣ исбот кард. Инчунин дар бораи мавқеи Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёти тоҷик сухан ронд.
Мирзоғоибов Сайҳомид — донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи санъати тасвирӣ,(ихтисоси санъатшинос) дар бораи Ҳаёт ва фаъолият Абуабдуллои Рӯдакӣ ва Нурзода Анушервон — донишҷӯйи соли хониши якуми факултаи дизайн (ихтисоси Веб-дизайн) дар бораи ақидаҳо иҷтимои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маърӯза намуданд. Дар маърӯза таҳқиқу омӯзиш, дарки мазмуну мундариҷаи ҳастии инсон ҳамчун ҷузъе аз ҳастӣ, таҳлилу сабабу мақсади ҳаёти заминии инсон ва рисолати он ҳаматарафа таҳлил ёфт.
Мунисаи Нуриддин донишҷӯйи соли хониши сеюми факултаи дизайн ихтисоси маҳсулоти бофандагӣ аз эҷодиёти А. Рӯдакӣ ва ғазал аз Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат кард.
Донишҷӯён: Асозода Мансур, Ҷалилзода Аҳдия, Қодирова Мафтуна, аз эҷодиёти шоирон порчаҳои шеъри қироат карданд.