Ба ифтихори 40-солагии фаъолияти педагогию илмии декани факултети дизайни Донишкадаи  давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тоҷикистон Субҳон Усмонов

Барои ман ифтихори бузург аст, ки дар бораи яке аз симоҳои намоёни донишкада, устоди кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, декани факултети “Дизайн”, номзади фанҳои педагогӣ, дотсент  ва аз ҳама баланд дӯсти бениҳоят меҳрубон ва рафиқи азиз  муаллим Усмонов Субҳон чанд сухане бигӯям. Худ рамзист, ки зиндагонии чунин нафарон худ дарс аст, мактаб аст.

Устод Усмонов  Субҳон 14 декабри соли 1950 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Дар оилаи онҳо 8 нафар фарзанд ба камол мерасид ва падараш Боронов Усмон марди заҳматкаше буданд, ки тамоми ҳастияшонро ба тарбияи фарзандон мебахшиданд. Азбаски хеле раҳмдил ва инсондӯст буданд, дар аксар ҳолат ба мардум хизмати бемузд мекарданд.

Дар китоби устод “Ҳукми тақдир” порчае омадааст, ки, ба фикри мо, ифодакунандаи пурраи симои падарашон мебошад. Устод менависанд, ки: “Падарам… то бевақтии шаб дар колхоз ё пӯшонидани боми кадом як ҳамдеҳа банд буд. Баъзан вақт ёфта дар бораи фурӯтанӣ, ботамкинӣ ва касбу ҳунар сухан мегуфтанд, Таъкид мекарданд,ки … ҳаматон бидонед ва огоҳ бошед, ки одами беҳунар   бесуд, бефоида буда, ба дарахти бемева шабоҳат дорад.”

Азбаски Субҳон дар хона фарзанди калонӣ буданд, хеле барвақт ба ёрии волидайн  оғоз намуданд. Соли 1957 ба  сифи якуми мактаби миёнаи № 6 –и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ рафт, соли 1960 дар деҳа мактаб-интернат барои фарзандони камбизоат кушода шуд ва Субҳон идомаи таҳсилро дар ҳамин мактаб-интернат идома дод.

Соли 1967 пас аз хатми мактаб-интернат Субҳон Усмонов ба шаҳри Душанбе  омада, ба донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнї) дохил гардид. Вай  ду факултет- педагогика ва психология ва географияи ин донишкадаро хатм кардааст.

Аз соли 1971 то соли  1995 ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд. Дар ин давра аз муаллими оддӣ то ба дараҷаи директори мактаб –интернати дар деҳа буда расид.  Махсусан, кор дар давраи барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ  вазнин,  ҷанги шаҳрвандии – солҳои 1991- 1994 хеле вазнин буд. Усмонов ана дар ҳамин давра насиҳати падарро ба гӯш гирифта, аз таҷибаи рӯзгор худ омӯхт ва тамоми хонандагони бекасу бечораро гурусна намонд. То ҳол сокинони калонсоли ноҳия  бо ифтихор мегӯянд, ки  на ҳар кас метавонист  чун  Усмонов таҳсилро ба роҳ монад, зиндагиро ташкил кунад ва бачаҳоро хононад.  Хушбахтона, то имрӯз шогирдони ҳамонвақта ба зиёрати устод меоянд ва  ҳар вақте мо шоҳиди вохӯрии онҳо мешавем ва он самимияти онҳоро ба устод мушоҳида менамоем, ба хулосае моем,ки меҳнати устод беҳуда набудаанд.

Соли 1995, дар давраи хеле вазнини зиндагӣ ва барқароршавии сохти навини давлатдорӣ зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллим Усмоновро  раиси ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» интихоб карданд, вале баъди ду сол бинобар вазъи душвори мактаб-интернат ӯро ба вазифаи директори мактаб- интернати санатории деҳа гузаронданд.

Соли 2005 устод барои кор ба Коллеҷи техникии ба номи академик Осимов даъват шуда, дар ин ҷо то соли 2013 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намуданд.

Субҳон Усмонов соли 2010 (26 ноябр) дар мавзӯи “Ҷабҳаҳои педагогии баланд бардоштани сатҳи таълим ва тарбияи экологии донишҷӯён” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Соли 2014  барои кор ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн даъват шудаанд. Ба шогирдон аз фанни география ва демография дарс мегӯянд.

Солҳои 2014-2019 мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ буданд.  Аз моҳи августи соли 2019 дар вазифаи декани факултети “Дизайн” фаъолият намуда истодааст.

Дар давраи фаъолияташ зиёда 40 мақолаҳои илмӣ- методӣ, илмӣ-оммавӣ, 3 дастури таълимӣ, 3 монография ба чоп расонидааст.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Субҳон Усмонов барои хизматҳои бенуқсон ва бисёрсола бо медали “Барои меҳнати шоён”, нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва Ифтихорномаю  Сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Муаллим соҳиби фарзандони баркамол  мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кор ва фаъолият доранд.

Хушбахтона, имрӯз сокинони зиёди ҷумҳурӣ барои хизмати софдилонаашон Умед Усмонов, Хуршед Усмонов, Суҳроб Усмонов, Саодат Усмонова, Меҳроб Усмонов, Сорбон Усмонов, Меҳрубон Усмоновро хеле хуб мешиносанд.

Худованд ба устод дар сари пирӣ зиндагонии хуб додааст ва   Субҳон Усмонов дар айни камоли эҷодӣ қарор доранд. Ман ба дӯст , бародар ва устоди муҳтарам тансиҳатӣ орзу намуда, ин суханони Бедили бузургро ба ӯ бахшиданиям.

Солу фолу молу ҳолу аслу наслу тахту бахт,

Бодат андар ҳар ду гетӣ барқарору бардавом

 Сол хуррам, фол накӯ, мол вофир, ҳол хуш,

Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.   (Бедил)

Сайнуриддин Акобиров,

котиби илмии

Шӯрои олимони донишкада