Ҳамватанони азиз!
Мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон — Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо хонаи обод, саодати рӯзгор, саломатии қавӣ ва дар ҳама ҷодаи фаъолият корҳои пурсамар баҳри рушди Ватани азизамон, инчунин дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, барору комёбӣ таманно дорам.
27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нести раҳои бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургеро иҷро кард.
Вобаста ба ин падидаи муҳими таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “… Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем”.
Агар ҳар яки мо дар рушду таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллӣ муттаҳид шавем, он гоҳ чун миллати ягона бо асолату фарҳанг ва симои хоси худ миёни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.
Бори дигар Шуморо бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоматон хушбахтӣ орзумандам.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат