Санаи 08 ва 10 апрели соли 2021 бо ташаббуси бахши робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси ёддошти Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази фарҳангии Бактрия дар доираи ҳафтаи Франкофони оид ба таҳияи барномасозии аниматсионӣ тариқи онлайн-конференсия баргузор гардид. Дарси маҳорат аз ҷониби таҳиягари аниматсионии фаронсавӣ гузаронида шуд дар ин конференсия донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва кормандони сафорати Фаронса ва Маркази фарҳангии Бактрия иштирок намудаанд. Дар охир аз ҷониби кормандони Сафорати Фаронса ба донишҷӯён тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.