19 декабр дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намоиши ҷумҳуриявии асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Бахтиёр Одиназода бахшида ба 70-солагии таъсисёбии ноҳия баргузор гардид. Дӯстдорони санъати тасвирӣ, бахусус омӯзгорону хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия намоишро бо диққати том тамошо карданд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур завқи тамошобинони ҷавонро ба ҳунари рассомӣ бедор кард ва бисёре аз хатмкунандагони макотиби маркази ноҳия дар дил азм намуданд, ки пас аз хатми мактаби миёна дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.