ЁДБУД

Ба хотири гиромидошти хотираи рассом, собиқ декани факултети санъати тасвирӣ дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомони чеҳранигорӣ — устодони донишкада барпо гардид.

Сараввал ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат иштирокдорони намоишро “хайра мақдам” гуфта,  доир ба фаъолияти педагогӣ ва рассомии Фаррух Хоҷаев ба таври мухтасар маълумот дод. Сипас, мудири кафедраи графикаи донишкада Ф. Атоев, омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ М. Улҷабоева,  директори коллеҷии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонов, ки Фаррух Хоҷаев дар ин коллеҷ ба ҳайси муаллим кор кардааст ва раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, ки дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сарварии ин иттифоқро Фаррух Хоҷаев бар уҳда дошт, хотираҳои худро дар бораи рассоми марҳум баён намуда, ба истеъдоди камназири рассомию педагогӣ, қобилияти кордонӣ, ташаббускорӣ, шогирдпарварӣ ва навпардозии ӯ дар санъати рассомии тоҷик баҳои баланд доданд.

Дар охир ба рассомоне, ки асарҳояшон дар намоиши “TOUR PORTRET” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 29 декабри соли 2019 то 29 марти соли 2020 ба намоиш гузошта шуданд, аз ҷумла Рассомони халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифов ва Исуф Сангов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакар, Каримҷон Наҷмиддинов, Аҳтам Сафаров, Наргис Ҳамидова, Лайло Қурбонова (ба ҷои падараш  марҳум Муродулло Қурбонов), Диловар Хоҷаев (ба ҷои падараш марҳум Фаррух Хоҷаев), ҷамъ 17 нафар, китобкаталоги ин намоиш тақдим карда шуд.