Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Дониш бо иштироки васеи донишҷӯёну устодон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамила Худойбердиева аз номи раёсати донишкада ҳозиринро бо фарорасии соли нави таҳсили 2021-2022 ва Рӯзи дониш – 1 сентябр  самимона табрик гуфта, зимнан зикр намуд, ки ҷашнгирии ин рӯз имсол бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Имрӯз дар тамоми макотиби ҷумҳурӣ дарси сулҳ гузаронида мешавад.

Ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки  зодаи Истиқлолият мебошад, муддати 8 сол боз довталабон дохил шуда, онро сарбаландона хатм мекунанд ва хатмкунандагон дар ҷодаи  санъати тасвирӣ ва дизайн фаъолият доранд. Ба донишҷӯён рассомони шинохтаи ҷумҳурӣ, арбобони ҳунар, профессорони соҳа, ки муаллифони Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, рамзи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар нишонҳои давлатӣ мебошанд, дарс мегӯянд.

Донишкада  нахустин ва ягона мактаби олии кишвар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мебошад, ки айни замон соҳибихтисосонро дар зинаи бакалавр, магистратура ва инчунин доктор Phd  тайёр мекунад.

Албатта, соли нави таҳсил, тибқи анъана дар ҷумҳурии мо бо дарси сулҳ оғоз мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуда буданд, ки “Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем”.

Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба даст оварданд.

Барои ҳамин ҳам ҷавонони имрӯза бояд аз воқеоти гузашта сабақ гиранд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд…

Сипас, ҳамчунин муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, мудири кафедраи “Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ”- и донишкада, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Субҳон Усмонов  иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро ба Рӯзи Дониш табрик гуфта, ба онҳо дар таҳсилу тадрис барори кор таманно намуданд.