«Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, пойдору устувор нигоҳ доштани ватани аҷдодӣ тадбирҳое ҳастанд, ки хамеша диққати ҷомеаро ба худ ҷалб мекунад. Хусусан, имзои Созиномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мардуми Тоҷикистон онро дер боз интизор буданд, баъди 8 даври гуфушунид (солҳои 1994-1997) дар шаҳри Москва, рӯйдоди муҳимтарин буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 1992 то 27 июни соли 1997 зиёда аз 100 ҳазор одамон қурбон шуда, тахминан 1 млн. гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.
Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, роҳбарияти нави ҳукумати ҷумҳуриро интихоб намуд. Дар чунин вазъи душвор ва мураккаб маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва дарки масъулияти баланд ин рисолати ҳаётан муҳим, яъне раҳо кардани давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи нестӣ ва таъмини сулҳу осоишро ба дӯши худ гирифтанд ва аз ҳамон вақт сар карда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи мусбат комилан дигаргун гашт. Тайи солҳои 1993-1997 масъалаи дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ ба тадриҷ ба масълаи меҳварии фаъолияти густурдаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мубаддал гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно сохта, давлати тозаистиқлоли моро ба ҳайси субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Дар натиҷаи ҳашт даври гуфтушунид, инчунин се машварати ҳайати тарафҳо, 27 июни соли 1997 дар ш. Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ба имзо расидани ин санад мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. Ин созишнома санади муҳими тақдирсози миллати мо ба ҳисоб меравад.
Инак, аз рӯзи имзои созишномаи мазкур 29 сол сипарӣ мегардад. Имзои он шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангсолори тоҷик аст, ки сиёсати пешгирифтаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонавудилгармона дастгирӣ карданд. Маҳз хиради азалии миллати бофарҳангӣ мо буд, ки аз роҳи бо зӯрӣ ҳал намудани мушкилиҳои сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созишро роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллат пазируфтанд. Ба даст овардани ваҳдат кори осон набуд. Барои ба ин мурод расидан заҳмат ва талошҳои зиёд ба харҷ дода шуданд, зеро он ягона воситаи наҷоти миллати тоҷик буд. Дар лаҳзаҳои бисёр ҳасос душманони миллати мо кӯшиш карданд, ки ҳастии миллати моро саркӯб кунанд, аммо ба мақсадҳои ғаразноки худ муваффақ нагаштанд. Барои мо тоҷикон беҳтарин неъмат ин соҳиб шудан ба сулҳи деринтизор буд, ки хушбахтона насибамон гашт. Ҳамин тариқ, сулҳи Тоҷикистон сулҳи воқеӣ ва ҳақиқист, ки ба воситаи он ин миллати худшинос ба дарки ҳуввияти хеш расид.
Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа донистанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавонад давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонад ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузоранд. Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳам тавъам буда, чун роҳнамо моро ба сӯи оянда ҳидоят менамоянд. Агар ваҳдати миллӣ бо таҳкими пояҳои истиқлолият мусоидат накунад, пас истиқлолияти давлатиро бе ваҳдати миллӣ тасавур кардан ғайри имкон аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, осудагии зиндагӣ, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоту рушди миллат ва рушди ҷомеа дар ҳар давру замон аст. Акнун бо ифтихор метавон гуфт, ки иттифоқӣ ва ҳамдилии халки тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттахид ва бисер ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвари азизамон Тоҷикистон. Танҳо бо роҳи ваҳдат, метавонем истиқлоли кишварро муҳофизат намоем, ягонагию ҳамдилии мардумро устувор гардонем, душвориҳою монеаҳоро паси сар карда, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ биорад, ватани азизамон ба кишвари тараққикарда ва содироткунандаи маҳсулоти дохилии худ табдил ёбад.
Тоҷикистон имрӯз бо зиёда бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ, аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ пайгирона амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадан, сохтмонҳои азими саноатӣ, рушди босуръати соҳаҳои саноат, неругоҳҳои обии барқӣ, васеъ кардани заминҳои кишт, бунёди боғҳои интенсивӣ ва ғайра иншоотҳои саноатию кишоварзӣ натиҷаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ аст.
Дар ҷаҳони муосир нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, аъзои комилҳуқуқи бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ аст ва дар ҷаласаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ пешниҳодҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта мешаванд, хусусан дар масъалаҳои об ва экология. Аз ҷумла, бо пешниҳоди сарвари муаззами кишвар соли 2003 «Соли байналхалқии оби тоза», Солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналхалқии об манбаи ҳаёт», соли 2013 «Ҳамкорӣ дар соҳаи об», “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” ва соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул гардид. Қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир мегузорад.
Бояд иброз намуд, ки аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳоеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад.
Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд мекунад. Имрӯз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф намудем. Арзишҳои бузурги умумимиллӣ – соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро боло бояд гузошт ва тадриҷан пойдории сулҳу субот, оромиву амнияти кишварамон таъмин бояд кард. Аз ин рӯ, мо тамоюли некро идома дода, аз он пуштибонӣ мекунем, то ин ки дастовардҳои истиқлолият боз ҳам мустаҳкам шаванд ва моро ба қуллаи мурод расонанд.
Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳамулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, мардумро сарҷамъ кард. Ваҳдат маънии якдигарфаҳмӣ, якпорчагӣ, ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ба ҳам омаданро дорад. Файзи ваҳдат аст, ки мо муттаҳид шудем. Он тавонист, ки моро зери пару боли худ сарҷамъ кунад ва бояд дарк намуд, ки ваҳдатро илму дониш таҳким мебахшад. Ҳар қадар насли имрӯза маърифатноку босавод шаванд, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳама саҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳаё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд.
Миллати бофарҳанги мо дарк намуд, ки тавассути ваҳдати миллӣ рущди минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию техникии кишварро метавон таъмин кард. Маҳз суботу осоиш, тинҷию оромӣ метавонад сафи сармоягузорону сайёҳони хориҷиро ба кишварамон сол аз сол афзоиш диҳад ва робитаҳои хориҷиро боз ҳам қавитар гардонад. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халкамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид.
Аҳли ҷомеаи имрӯзаи кишвари азизамон ва алалхусус мо омӯзгоронро лозим аст, ки арзиши ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро дар шууру қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумӯи Ватани маҳбубамон Тоҷикистон гузошта тавонанд.
Субҳон УСМОНОВ,
мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, профессор
