Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси нақша чорбиниҳои Раёсат ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дизайн»- и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Донишкада бо ҳамоҳангии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳошияи мақолаи коршиноси масоили сиёсӣ ва байналмиллалӣ устод Абдуллоҳи Раҳнамо- бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” ҳамоиши иттилоотӣ-тарғиботиро таҳти унвони “ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА АДОЛАТИ ҲУҚУҚӢ” бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон баргузор намуд.
Дар ҳамоиши мазкур ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷ.Ш., раиси КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансур Каримзода Н.Р. ва муаллифи мақола н.и.с. Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат доштанд.
Дар сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳозиринро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон, ки ҳамасола 10-декабр таҷлил карда мешавад, табрику таҳният гуфтанд. Устод ёдовар шуданд, ки ҲХДТ дарбаргирандаи орзуву омоли ҳазорсолаи миллати тоҷик баҳисоб рафта, дар тӯли 28- соли фаъолияти пурсамар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду шукуфоии ин Ватани маҳбуб ва зиндагии шоистаи ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ бо талошу заҳматҳои пайваста саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.
Дар идомаи суханронии хеш иброз доштанд, ки мақолаи устод Абдуллоҳи Раҳнамо-“Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, огоҳии сиёсӣ ва омодагӣ аз дифои марзу буми кишвар ба ҳисоб рафта, бояд ҳамаи табақаҳои аҳолии Тоҷикистон дар бораи сабабҳои баҳси марзӣ, мавқеи кишварамон дар низои сарҳадӣ, таърихи зиддиятҳои аҳолии наздисарҳадӣ, ҳаққи қонунии миллати тоҷик дар қитъаҳои замини ғасбшуда аз ҷониби ҳамсоякишвар ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар ин самт мавҷуд буда ахбороти кофӣ дошта бошанд.
Дар ин замина ёдовар шуданд, ки Раёсати донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон омода ва ба комол расонидани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайни ҷавобгӯ ба бозори имрӯзаи меҳнатро рисолатии калидии хеш медонад. Ҳамзамон ин боргоҳи илму хирад ва касбу ҳунар дар тарбияи ахлоқиву маънавӣ ва сиёсии ҷавонон дар доираи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аз тамоми роҳу воситаҳо истифода менамояд.
Дар фарҷом бо итминони комил таъкид намуданд, ки ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантони донишкада ҳадафҳои созанда ва сулҳхоҳонаи роҳбарияти олии мамлакатро ҳаматарафа дарк намуда, дар тадбиқи ҳадафҳои мазкур саҳми худро мегузоранд.
Дар идома Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар иштирокчиёни ҳамоишро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуданд. Зимни суханронии хеш номбурда қайд намуданд, ки мақолаи муҳокимашаванда дар ҳамоиши мазкур метавонад даричае барои шинохти ҳақиқати таърихӣ ва адолати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳиссӣ ватандустӣ, шинохти асолати таърихӣ ва худшиноси миллии ҷавонони кишвар, бахусус ҷавонони бо нангу ори кишвар хизмати шоён намояд.
Сипас Абдуллоҳи Раҳнамо мақсади таълиф ва муҳтавои мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро шарҳ дода, таъкид доштанд, ки мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад.
Коршинос бо овардани даҳҳо далелҳои муҳиму таърихӣ, таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Зеро як кишвар наметавонад ба қаламрави худаш «ҳуҷум» кунад ё ба он «таҷовуз» кунад. Аз ин рӯ, дар ин баҳсу буҳрон мавқеъ, талош ва муборизаи Тоҷикистон барои баргардондан ё озод кардани қаламрави ғасбшудаи худ моҳияти одилона дорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Донишкада чун рамзи эҳтиром ба меҳмонони ҳамоиш ҳадяи рамзӣ аз маҳсули дасти ҷавонони эҷодкори Донишкада тақдим карда шуд.
Ҳамзамон Устод Абдуллоҳи Раҳнамо бо Ифтихорномаи роҳбарияти КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.