Дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёну устодон бо номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърихи Академияи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров- сарчашмаи худшиносии миллӣ” доир гардид.
А. Шарифзода бо шарҳу тафсири мазмуну мундариҷаи ин асари гаронбаҳои ходими намоёни давлатӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла зикр намуд, ки тасаввур кадани пойдорию устувории ваҳдати миллӣ бе худшиносии миллӣ ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ бе худшиносии миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ва маҳз бо дарки ҳамин маънӣ, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон” бо тиражи калон нашр карда, ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ ба таври ройгон ҳадя гардид.
Аз ин рӯ, ба қавли олим, ба қадри ваҳдати миллии мо бояд расид ва онро аз бадхоҳони миллат эҳтиёт кард.
Донишҷӯёну устодон аз суҳбати олими шинохта як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.