Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.

Ҷамъомадро муовини аввали ректори донишкада Худойбердиева Ҷ.Ч. кушода, устодону шогирдони ин таълимгоҳи олии касбӣ ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Сипас иштирокчиёни ҷамъомад маърӯзаҳои мудири кафедраи Забон ва фанҳои гуманитарӣ Субҳон Усмонов “Иқдоми Пешвои миллат дар рушду нумуи ҳунарҳои мардумӣ ва раҳнамоии ҷавонон”, сардори шуъбаи тарбия Муҳаммадшариф Эсанов “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон”, мудири бахши магистратура Фирӯз Ҳаитов “ Нақши қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сардори давлати Тоҷикистон – ду омили муҳим дар ташаккули давлатдории нави тоҷикон”- ро шуниданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо дар экран расмҳо оид ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода шуданд.

Дар охир аҳли толор дар ду ошёнаи бинои таълимии донишкада намоиши асарҳои донишҷӯёнро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.