Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, ректори Донишкадаи
давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,
номзади илмҳои меъморӣ
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷамъи устодони донишкада ва дар симои онҳо тамоми муаллимони ҷумҳуриро ба Рӯзи муаллим ва Рӯзи забони давлатӣ. ки ҳар сол дар як рӯз ё паиҳам фаро мерасанд, самимона табрик гуфта, дар соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзгориашон комёбиҳои нав ба нав ва дар рӯзгорашон осудагию ободӣ ва хуҷастафолӣ таманно дорад. Саҳми муаллим дар иҷрои рисолати пуршарафи хеш – соҳибмаърифату соҳибкасб гардонидан, забономӯзӣ, дар руҳияи худшиносии миллию ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва ҳар лаҳза омода будани он ба ҳифзи Ватан қиёснашавандаю беназир аст. Мо нахустин бор ҳарф заданро аз забони модар меомӯзем, пас муаллим онро такмил медиҳад. Муаллимро тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардо, таконбахши рушди ҷомеа ва неруи ақлонӣ номидаанд. Имрӯз ҳам ин тавсифот побарҷо буда, ҳамеша аз нақши тарбиятгарии муаллим мегӯянду ба бузургиаш арҷ мегузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти омӯзгорон ва омӯзиши забони давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”- бо насиҳат таъкид намудаанд Пешвои миллат.
Рӯзи муаллим ва Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамкасбони азиз!