Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон тамоми донишмандони ва олимони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба иди касбиашон
-Рӯзи илми тоҷик ва 140 – солагии қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ табрику таҳният гуфта ба онҳо дар кори ҳифзу ҳимояи давлатдории тоҷик, мустаҳкам намудани сармояи бебаҳо истиқлолияти давлатӣ, рушди илми тоҷик дар ҷаҳони муосир муваффақиятҳо орзуманд аст.
Имрӯз, 14 – апрели соли 2021 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин конференсия мудири бахши магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Исупова Рӯзафзун Айнуллоевна иштирок намуда сазовори “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.