Дар китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи ду шоири бузурги адабиёти форсу тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон “Рӯзи Рудакӣ” ва “Маснавихонӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректори донишкада оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б. Э. кушода, дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Сайнуриддин Акобиров дар мавзуъҳои “Поягузори адабиёти форсу тоҷик” ва “Мавқеи “Маснавӣ”-и Ҷалолуддини Балхӣ дар адабиёти тоҷик” маърӯза кард.
Сипас, донишҷӯён Нилуфар Раҳмонзода, Мелисса Калкан, Маҳваш Арманова, Асмоа Амирбекзода, Ибодат Қобилова ва Мунисаи Нуриддин аз эҷодиёти Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ ғазалҳо қироат намуданд.
Чорабинӣ хеле диққатҷалбкунандаю шавқовар ва хотирмон гузашт.