Пешравии давлат аз роҳбари маорифпарвар ва илмдӯсту фарҳангсолор вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст.

Лоиқ ба таъкид аст, ки боби чоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент бахшида шудааст. Маънои калимаи “Президент” сардори давлат мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия сардори давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб рафта, ӯ ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат мебошад. Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти таъмини қобилияти мудофиавии Тоҷикистон ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба душ дорад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Аз ин рӯ, бояд ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва ба Ватан хизмати софдилонаву содиқона кунем.

Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвору тақдирсозро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд.

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».

Як чизро бояд фаромӯш накард, ки дар солҳои 1993-юм бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳои зиёд, пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шуд. Роҳбари кишвар тавонист, ки муҳоҷирони иҷбориро баргардонда, амният ва зиндагии осудаи онҳоро таъмин намояд. Донишманди тоҷик Х. Холиқназар дар бораи хизматҳои Пешвои миллат андешаронӣ намуда, иброз медорад, ки “дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон фаросати азими мардумпарваронааш, ватандӯстӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда, барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуд ва сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд”.

Бо ташаббуси сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ вазъи идеологӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба низом даромада, чунин ҳолат имкон дод, ки решаҳои ҷангу  низоъҳои дохилӣ бартараф шуда ва фазои муътадили корию созандагӣ дар пойтахти азизамон ва тамоми манотиқи кишвар ҳукумфармо гардад.

Дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои Роҳбари давлат ва азму иродаи қавии мардуми кишвар низоъҳои дохилӣ, ки дар натиҷаи он зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок гардиданд, хотима ёфт. Дар Тоҷикистони азизамон сулҳу субот ва оромию ваҳдати миллӣ пойдор гардид.

Сазовор гардидани Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои шоёни ӯ ба миллат мебошад. Ҷуръат, ҷасорат масъулият, донишу хирад ва инсондӯстии Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ӯ мардумро дар атрофи сиёсати созандаи худ муттаҳид созад ва дар муқобили душманон ва бадхоҳони миллат манфиатҳои миллиро ҳифз намояд.

Дар тӯли 30 соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Ҳамин тавр Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид.

Маврид ба таъкид аст, ки дар марҳилаи кунунии созандагии кишвар мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон садоқати бепоён дорад ва таҳти роҳбарии ӯ дар фазои сулҳу амният ва ягонагии миллӣ барои рушду пешрафти мамлакатамон талош меварзанд.

Эсанов М. Д.,

сардори шӯъбаи тарбияи ДДСТДТ,

муаллими кафедраи технологияи

иттилоотӣ ва иқтисод