Санаи 26.06.2024 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи бакалавр ва магистратура баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирок доштанд меҳмонон, омӯзгорон, донишҷӯён. Сипас бо сухани табрикотӣ ректори Донишкада н.и.м профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат баромад карда аз ҷумла қайд намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу – ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъсис ёфта, имрӯз дар он шароити хуб барои таълими донишҷӯён фароҳам оварда шудааст. Дар охири суханрониҳои худ ректори Донишкада минатдории хешро ба Роҳбари давлат, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён намуд. Дар ин чорабинӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён, директори муассисаи давлатии маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб Қосимова Ч.А., иштирок дошта бо суханони табрикоти баромад намуданд. Лоиқ ба таъкид аст, ки донишкада дорои 27 ихтисос буда, ба донишҷӯён беҳтарин дизайнерон, кандакорон, ҳайкалтарошон, Арбобони ҳунари Тоҷикистон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъмин мебошанд. Самти таълим дар донишкада асосан ба эҷодиёт нигаронида шуда, донишҷӯён бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, махсусан технологияи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмию эҷодӣ ҷалб карда мешаванд. Таълим дар донишкада бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти чорабинӣ ба хатмкунандагони донишкада дипломҳои хатми бакалавриат, магистрӣ ва сипосномаҳо супорида шуд. Дар ҷамъбасти чорабини ҳаваскорон бо баромадҳои худ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.