Дар маҳфили навбатии забони англисии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо номи “ Lets speak English” (Биё ба забони англисӣ ҳарф мезанем) бо роҳбарии муаллим Ҳалимов А.А.  “My lovely Tajikistan” ( Тоҷикистони азизи ман) мавзуи марказӣ қарор дода шуд.

Донишҷӯён А. Бегалиева Х. Алимардонова, С. Ҳошимзода ва  Я. Давлатмамадов дар бораи ҷойҳои тамомшобоби вилоятҳои Суғду  Бадахшон ва Сарвари давлати Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳо омода намуда, пешкаши ҳозирин гардонданд.

Донишҷӯёни курси дуюм О. Қурбонмамадова ва М. Рафиева суруди миллиро ба забони англисӣ қироат карда, чанде дигар дар бораи Тоҷикистон ва Истиқлолият шеърҳо хонданд.

Дар маҳфил мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ С. Усмонов, мудири шӯъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Қобилова М.П. ва муаллимаи забони англисӣ Д. Ҳамидова иштирок намуда, барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти маҳфил маслиҳатҳо доданд.