Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

КОРРУПСИЯ БА ПОЯИ АХЛОҚ ЗАРБА МЕЗАНАД

25.09.2020

Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи  демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. 

 Эмомалӣ Раҳмон

 

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Мушкилоти падидаи мазкур дар фаҳми моҳият ва хосиятҳои он душвориҳои зиёд ворид месозад. Фаҳми муқаррарии он ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста шуда, аз ҷониби шахсони мансабдор ва ҳокимони дигар бо мақсади бойшавии шахсӣ ва ғаразҳои дигар амалӣ мегардад. Аммо чунин фаҳми коррупсия муносибати сатҳӣ буда, асли масъаларо фаҳмонда наметавонад ва дар бисёр ҳолатҳо барои дарки амиқи он иштибоҳҳои мухталиф ба миён меорад.

Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».

Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсияро имзо ва қабул кардааст. Њукумати ҷумҳурӣ ба ин проблема ҳамеша диққати ҷиддӣ зоҳир менамуд. Бахусус, шуруъ аз соли 1999 дар самти мубориза бо коррупсия тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Дар мамлакат заминаи қонунӣ ва сохтории мубориза бар зидди коррупсия таҳия ва такмил меёбад.

Асноду ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки ба масоили пешгирии коррупсия, барои амалиёти коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашидан ва чораҳои мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб қабул гардидаанд, заминаи мустаҳками муборизаро алайҳи он фароҳам овардаанд.

Мафҳуми коррупсия хеле васеъ ва доманадор буда, паҳлуҳои гуногунро дар бар мегирад. Коррупсия набояд танҳо дар доираи донишҳои ҳуқуқӣ таҳлилу хулосагирӣ гардад, зеро он фақат ҳодисаи ҷиноӣ набуда, ҳамчун раванди иртиҷоии иҷтимоӣ заминаҳо ва хусусиятҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳоро бо ҳам пайвастааст. Бинобар ин, ҳангоми тавсиф ва таъриф додани падидаи мазкур ва ташхиси хусусиятҳои асосии он мебояд тамоми паҳлуҳо ва муносибати мутақобилаи он бо ҳодисаю равандҳои дигари ҷомеа фарогир бошанд.

Падидаи мазкур на танҳо ришвахӯрӣ, балки амалҳои дигари иртиҷоӣ, аз қабили порадиҳӣ, харидани шахсони мансабдор, туҳфаҳо ба роҳбарону ҳокимон, протексионизм (ошнобозӣ) ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва пешбарии одамон ба вазифаҳои идораи давлатӣ бештар дар заминаи афзалияти аломатҳои хешу таборӣ, табақавию қавмӣ ё иштироки бевоситаи шахсони мансабдор дар тақсими даромадҳо ба манфиатҳои шахсӣ ва ғайраҳоро ифода менамояд.

Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гардидааст ва беш аз пеш аз худ дарак медиҳад. Он ба ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ворид мешавад. Ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити ҳозира қариб мамлакатеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои коррупсионӣ орӣ бошад. Омилҳои гуногун дар ташаккули он саҳм мегиранд.

Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами олам нишон медиҳад, ки ташаккул ва рушди синфи миёна ё худ умумияти аксарияти аҳолӣ нишондоди муҳимтарини баланд гардидани сатҳ ва сифати зиндагии одамон аст. Бо дарназардошти ин, дар мамлакати мо Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардидааст, ки амалӣ намудани он заминаи боэътимоде дар рафъи коррупсия хоҳад буд.

Дар ҳамгироӣ бо ҷинояткории муташаккилона амал намудани коррупсия яке ҷиҳатҳои хоси он аст. Махсусан, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо коррупсия алоқаи қавӣ пайдо намудааст. Тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар арсаи ҷаҳонӣ дар бисёр ҳолатҳо бе иштироки бархе аз амалдорони сатҳи гуногуни давлатӣ ва ё соҳибмансабони дигар номумкин гардидааст. Онҳо бо сӯистифода аз   мансаби давлатӣ ва мақоми иҷтимоиашон, барои ба даст овардани даромади зиёд ва ё харидани мансаби боз ҳам баландтар ба раванди ҷинояткории муташаккил пайваст мегарданд. Маблағҳои зиёде барои харидани амалдорони давлатӣ, кормандони мақомоти низомӣ ва қудратии ҳокимият ва мақомоте, ки бояд бар зидди фаъолияти ғайриқонунии аҳли ҷомеа мубориза баранд, сарф мегарданд.

Таҳлилу хулосагириҳои ҳодисаҳои мушаххаси террористӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии террористон бо коррупсионерон дар сатҳи баланд қарор гирифтааст. Хусусиятҳои гуногуни коррупсияро ба инобат гирифта, мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ бояд барои муборизаи самараноки зидди он чораҳо андешанд. Ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон, яке аз омилҳои пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад.

Коррупсия дар пайвастагӣ бо ҷинояткории муташаккил ва махсусан, бо терроризм ва навъҳои дигари канораи экстремизми сиёсӣ ба яке аз таҳдидҳои амнияти олами муосир табдил ёфтааст.

Ғолибият дар мубориза бо коррупсия боиси пешрафту шукуфоии давлату миллат мегардад, аҳли ҷомеаро саодатманд месозад. Аз ин рӯ, аз мардуми саодатманди кишвар, ба хусус ҷавонони баору номуси Ватан даъват ба амал меорем, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Зеро бетарафӣ – бешарафист!

 

Фатоева Р. А.,

омӯзгори кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии ДДСТДТ

 

Ба қафо

11 октябр – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Интихобот ҳамчун як институти сиёсӣ

Ба пеш

Заслуженные люди нового Таджикистана

Ба пеш
Заслуженные люди нового Таджикистана

Заслуженные люди нового Таджикистана

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон