Дар маҳфили забони англисӣ бо номи “Let’s speak English” – (Бо забони англисӣ ҳарф мезанем) кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дар мизи мудаввар, ки санаи 23.11. 2022 баргузор гардид, донишҷӯёни курси 2-юм, ихтисосхои дизайни дохили бино, дизайни костюм ва газвор, санъатшиносӣ, графикаи дастгоҳӣ, web-дизайн бо маърузахои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар ин мизи мудаввар зиёда аз 55 нафар донишҷӯён ва 10 омӯзгорон иштирок намуданд,ки ба баромадкунандагон саволҳо доданд ва донишҷӯёни маҳфил ба саволҳо чавобҳои пурра доданд.

Донишҷӯёни зерин баромад карданд:

  1. Мурадова Мадина оиди мавзуи “Tajikistan” – (Тоҷикистон) баромад намуд.
  2. Муҳриддинов Абдураҳим ва Шарипова Солеҳа дар бораи “London” – (Лондон) нақл намуданд.
  3. Муминова Умеда оид ба мавзуи “Dushanbe” – (Душанбе) баромад намуд.
  4. Мисоқова Фараҳноз ва Одинаева Хатича дар бораи “My working day” – (Рӯзи кории ман) нақл намуданд.
  5. Қамариддин Ибодатбегим оиди “Sights of Dushanbe” – (Ҷозибаҳои Душанбе) нақл намуд.
  6. Алиназаров Махмуд якчанд зарбулмасалҳо – “Proverbs”- ро ба мисол овард.
  7. Ҷураева Хусноро оиди “Sights of London ” – (Ҷозибаҳои Лондон) нақл намуд.
  8. Содатқадамова Зарифа, Шарифзода Мадина, Раҳмонзода Баҳром ва Армонова Маҳваш бо забони англисӣ суруд хонданд ва рақс намуданд.

Ҳамзамон, ҷолиби қайд аст, ки дар мизи мудаввар аз технологияҳои компютерии муосир ва тахтаи электронӣ васеъ истифода бурда шуд.

 

Рохбари маҳфил                                                 Ҳамидова Д.