Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти назари ҳайати комиссияи озмунӣ иборат аз муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б. Э.,- (раис),  сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Қобилова М. П ( котиб) ва аъзоёни комиссия  муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ.Ч., сардори шуъбаи таълим Пиров Т. М., мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Усмонов С., котиби Шӯрои олимон, и.в. дотсенти кафедраи забонҳо  ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров С., мудири китобхонаи донишкада Ёғибекова Б., мудири  бахши ҷавонон Саидов Н.Ҷ., ва иштироки мудирони кафедраю декани факултетҳо даври навбатии пешазниҳоии озмуни дохилидонишкадавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни факултетҳо баргузор гардид.

Тибқи низомномаи озмун аз рӯи номинатсияҳо  дар номинатсияи “Адабиёти бачагона” — Райҳона Каримова аз факултети дизайн, дар номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик” — Муънисаи Нуриддин аз факултети дизайн, Мақсуда Низомова ва Нӯшофарин Қурбонова аз факултети санъати тасвирӣ, дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” — Мадина Рафиева аз факултети дизайн, дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳонӣ” Маҳваш Садриддинова аз факултети санъати тасвирӣ, Бежан Давлатов ва Алсу Изотова аз факултети дизайн барои иштирок дар озмуни ҷамъбастии ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

 Н. Худойбахшов