13 январи соли 2020 бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бахшида ба 60 – солагии рассоми чирадаст, декани факултети санъати тасвирӣ  Хоҷаев Фаррух Собирович дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зери унвони “Муҳаббат ба  ҳаёт” чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аҳли фарҳанг, устодони соҳаи санъати тасвирӣ, кормандони шоистаи Ҷумҳурӣ, олимону мутахасcисони соҳа ва аҳли оилаи устод  иштирок варзиданд.

Чорабиниро вазири фарҳанги Ҷумҳури муҳтарам Орумбекзода Шамсиддин ифтитоҳ намуд.

Ректори Донишкада иштирокчиёни чорабиниро “Хайра мақдам” гуфта онҳоро ба намоиши асарҳои марҳум, ки дар толори нави Донишкада ҷойгир кунонида шуда буданд, даъват намуд.

Раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон Н. Ҳамидова,

Рассоми халқии Тоҷикистон С. Шарипов,

рассоми халқии Тоҷикистон И. Сангов,

профессор Л. Додхудоева,

Профессор Холов М.А,

собиқадори соҳа М. Улҷабоева

дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурсамари Фаррух Хоҷаев баромадҳо карданд.

Дар доираи намоиши мазкур ба маърази тамошо дар роҳравҳои донишкада корҳои шогирдони рассом Хоҷаев Фаррух Собирович гузошта шуда буданд.

Мақсади намоиш пос доштани номи рассом  Хоҷаев Фаррух Собирович ва ташвиқу тағриби асарҳои эҷодии рассом ба донишҷӯён ва ихлосмандони санъати тасвирии тоҷик буд.