Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 22 октябр идома меёбад.
Дар даври ҷамъбастии озмун 581 довталаб иштирок менамояд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар даври сеюми озмун довталабон аз рӯйи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок мекунанд. Номинатсияҳои “Санъати тасвирӣ” ва “Дизайн” дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида, иштирокчиён миёни ҳам рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик мебошанд, гузаронида мешавад.
Маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун 23 октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
