Имрӯз дар нигористони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи номинатсияҳои «Санъати тасвирӣ» ва «Ҳунарҳои бадеӣ» баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангиву эҷодӣ ҷавонони соҳибистеъдод аз кишварҳои гуногуни узви ИДМ маҳорати касбӣ ва ҷаҳонбинии бадеии худро ба намоиш гузошта, тавассути асарҳои офаридаашон гуногунрангии мактабҳои санъат, анъанаҳои ҳунарӣ ва равияҳои эҷодиро муаррифӣ намуданд. Барои иштирокчиён ин мусобиқа на танҳо майдони рақобати эҷодӣ, балки имкони шиносоӣ бо таҷрибаи ҳамдигар, табодули андеша ва муаррифии фарҳанги кишварҳои худ ба ҳисоб мерафт.
Дар маросими ҷамъбастӣ натиҷаҳои ниҳоии озмун эълон гардида, ғолибон ва иштирокчиёне, ки барои маҳорати касбӣ, техникаи иҷро ва саҳми онҳо дар рушди ҳунарҳои бадеӣ сазовори ҷоизаҳои махсус гардиданд, эълон шуданд.
Дар номинатсияи «Санъати тасвирӣ» миёни иштирокчиёни гурӯҳи синнусолии 18-21-сола намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Беларус сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва унвонҳои махсус рақобат намшуданд.
🥇 ҶОЙИ АВВАЛ – ТИЛЛО
Яқубзода Аминаҷон Азимҷон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 хол);
🥈 ҶОЙИ ДУЮМ – НУҚРА
Аскарадиска Арууке аз Ҷумҳурии Қирғизистон (9 хол);
🥉 ҶОЙИ СЕЮМ – БИРИНҶӢ
Шаичид Анастасия Владимировна аз Ҷумҳурии Беларус (8 хол);
Ҳамзамон, барои маҳорати баланди касбӣ як қатор иштирокчиёни барои маҳоратҳои махсус қадрдонӣ шуданд:
- Абдусатторзода Волида Абдуманнон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои баланди касбии графикӣ;
- Бандишоев Ҳасаналишоҳ Додалишоевич аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои касбӣ;
- Некқадамова Сарвиноз Зоҳировна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои техникаи касбӣ.
Натиҷаҳои бадастомада аз он шаҳодат медиҳанд, ки мактаби санъати тасвирии Тоҷикистон дар байни ҷавонон истеъдодҳои навро ба камол расонида, барои рушди маҳорати касбӣ ва эҷодии онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар номинатсияи «Ҳунарҳои бадеӣ» низ иштирокчиёни кишварҳои гуногун маҳорати худро нишон дода, дар эҷоди асарҳои бадеӣ ба анъанаҳои миллӣ ва усулҳои муосири ҳунармандӣ такя намуданд. Дар гурӯҳи синнусолии 15–18-сола ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ чунин муқаррар шуданд:
🥇 ҶОЙИ АВВАЛ – ТИЛЛО
Рысбек Энел аз Ҷумҳурии Қазоқистон (30 хол);
🥈 ҶОЙИ ДУЮМ – НУҚРА
Карпиченко-Каплан Ульяна Андреевна аз Ҷумҳурии Беларус (27 хол);
🥉 ҶОЙИ СЕЮМ – БИРИНҶӢ
Карпова Арина аз Ҷумҳурии Қирғизистон (24 хол);
Илова бар ин, намояндагони Тоҷикистон барои маҳорати эҷодӣ ва сатҳи баланди иҷрои асарҳои худ сазовори ҷоизаҳои махсус гардиданд:
- Қурбонова Зуҳро Илҳомовна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои техникаи иҷро;
- Қурбонова Фотима Илҳомовна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои бадеии ҳақиқӣ
Дар гурӯҳи синнусолии 19–24-сола низ рақобат миёни намояндагони кишварҳои гуногун сурат гирифт. Натиҷаҳои ниҳоӣ нишон доданд, ки иштирокчиён дар баробари ҳифзи анъанаҳои миллии ҳунармандӣ ба ҷустуҷӯи роҳҳои нави ифодаи бадеӣ низ таваҷҷуҳ доранд.
🥇 ҶОЙИ АВВАЛ – ТИЛЛО
Гулмадова Шаҳноза Ҳайдармадовна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 хол);
🥈 ҶОЙИ ДУЮМ – НУҚРА
Зонова Екатерина Денисовна аз Федератсияи Русия (27 хол);
🥉 ҶОЙИ СЕЮМ – БИРИНҶӢ
Саидова Фарангис Искандаровна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 хол).
Ҳамзамон, барои дастовардҳои эҷодӣ ва саҳми онҳо дар ҳифзу рушди ҳунарҳои миллӣ иштирокчиёни дигар низ бо унвонҳои махсус қадрдонӣ шуданд:
- Нарзуллоев Диловар Бобишоевич аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи анъанаҳо;
- Шарифов Муллодавлат Мирзораҳматович аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воқеият;
Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ бори дигар нишон доданд, ки санъат ва ҳунар забони умумии муоширати фарҳангҳо мебошанд. Дар раванди озмун иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки истеъдод, маҳорати касбӣ ва хусусиятҳои фарҳангии кишварҳои худро тавассути асарҳои эҷодӣ муаррифӣ намоянд.
Нигористони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории мусобиқа ба майдони воқеии муколамаи фарҳангӣ табдил ёфт. Асарҳои пешниҳодшуда, бахусус дар самти санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои бадеӣ, аз гуногунрангии тафаккури эҷодӣ ва пайванди анъанаҳои миллӣ бо равияҳои муосири санъат дарак медоданд. Баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои ҷавонони эҷодкор имконияти хуби такмили маҳорати касбӣ, табодули таҷриба ва пайдо намудани робитаҳои нави эҷодиро фароҳам меорад. Барои Тоҷикистон бошад, баргузории номинатсияҳои Бозиҳои Делфӣ дар муҳити муассисаи махсусгардонидашудаи соҳаи санъат имконияти муаррифии истеъдодҳои ҷавон ва иқтидори фарҳангии кишвар мебошад.
Маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибону иштирокчиёни фаъол шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуда, ба ҷавонони соҳибистеъдод медалу диплом ва сертификату туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ 2 намояндаи Донишкадаи давлатии санъати атсвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Гулмадова Шаҳноза Ҳайдармадовна (аз рӯи номинатсияи “Ҳунарҳои бадеӣ” миёни гуруҳи 19-24-сола) ва Яқубзода Аминаҷон Азимҷон (аз рӯи номинатсияи “Санъати тасвирӣ” миёни гуруҳи 18-21-сола) сазовори ҷойи аввал ва медали тилло шуда, шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя намуданд.
