Friday, May 15, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ОСОРИ МОНУМЕНТАЛИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД

15.05.2026

14 майи соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқони соҳаи санъатшиносӣ, олимон, омӯзгорон, пажӯҳишгарон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дӯстдорони фарҳангу санъат ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Осори монументалии Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар ташаккули ҳуввияти миллӣ» баргузор гардид.

Ҳадафи асосии конфронс таҳлилу баррасии ҷойгоҳи осори монументалии устод Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар рушди санъати миллӣ, таҳкими худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва густариши тарбияи маънавии ҷомеа арзёбӣ гардида, дар рафти ҳамоиш таъкид шуд, ки осори монументалӣ падидаи бадеӣ ва воситаи муҳими ташаккули тафаккури эстетикиву ҳисси миллӣ дар ҷомеа мебошад.
Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон номзади илмҳои меъморӣ Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло ифтитоҳ намуда, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар таҳкими мактаби миллӣ ва рушди санъати тасвирӣ махсусан таъкид карда, зикр намуд, ки омӯзиш ва таҳлили мероси эҷодии устодони варзида барои тарбияи насли нави рассомон ва дизайнерон нақши муҳим дорад.
Дар идомаи ҳамоиш узви Иттифоқи рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева суханронӣ намуда, саҳми Сабзаалӣ Муродзодаи Шарифро дар рушди санъати тасвирии муосири тоҷик ва синамои миллӣ муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки услуби эҷодии устод бо пайванди анъанаҳои миллӣ ва равандҳои муосири санъат фарқ мекунад.

Сипас, омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Далер Миҳтоҷов бо маърӯзаи илмӣ баромад намуда, доир ба вижагиҳои услубӣ, хусусиятҳои бадеиву эстетикӣ ва рамзшиносии осори монументалии Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф андешаҳои таҳлилӣ баён карда, таъкид намуд, ки эҷодиёти монументалии устод падидаи муҳими санъати тасвирии миллӣ, ойинаи таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи мавсуф, дар асарҳои монументалии Сабзаалӣ Муродзода истифодаи рамзҳои миллӣ, образҳои таърихӣ, унсурҳои суннатии фарҳанги мардумӣ ва услуби хоси тасвиргарӣ ба таври хеле нозук ва ҳунармандона таҷассум ёфтаанд. Устод дар офаридаҳои худ тавонистааст миёни анъана ва навоварӣ пайванди эҷодии муваффақ барқарор намуда, мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ бо забони санъат инъикос намояд.
Дар идома мудири кафедраи санъатшиносӣ Ёғибекова Бика дар бораи ҷойгоҳи назариявии осори монументалӣ дар ташаккули фазои фарҳангии ҷомеа суханронӣ намуда, таъкид кард, ки чунин осор ҳамчун оинаи ҳуввияти миллӣ хизмат мекунад. Ӯ аз таъсири осори монументалии рассом ба тарбияи эстетикӣ ва маънавии насли ҷавон ёдовар шуда, нақши чунин асарҳоро дар таҳкими ҳуввияти миллӣ ва рушди тафаккури фарҳангии ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҳмадулло Табарӣ ва раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов низ дар бораи паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти устод суханронӣ намуда, саҳми ӯро дар рушди санъати миллӣ ва ташаккули мактаби муосири рассомии тоҷикӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии конфронс муҳаққиқон, санъатшиносон ва як гурӯҳ рассомони маъруфи кишвар доир ба аҳаммияти осори монументалии Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф дар муаррифии фарҳанги миллӣ, тарбияи завқи эстетикӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ ибрози назар карданд. Таъкид гардид, ки чунин осор ҳамчун пайванди наслҳо ва рамзи устувории фарҳанги миллӣ хизмат менамоянд.

Конференсия дар фазои илмӣ баргузор гардида, ҳамчун як чорабинии муҳим дар самти омӯзиши санъати монументалӣ ва рушди андешаи эстетикии ҷомеа арзёбӣ гардид.
Ба қафо

ФЕСТИВАЛИ МӮД ТАҲТИ УНВОНИ «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Ба пеш

ЭЪЛОН

Ба пеш
ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ЭЪЛОН 15.05.2026
  • КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ОСОРИ МОНУМЕНТАЛИИ САБЗААЛӢ МУРОДЗОДАИ ШАРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД 15.05.2026
  • ФЕСТИВАЛИ МӮД ТАҲТИ УНВОНИ «АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ» БАРГУЗОР ГАРДИД 13.05.2026
  • ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ 08.05.2026
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШКАДА 08.05.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон