Ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ   “Менеҷери ҷавон” 23-юми октябр баргузор гардид.

Дар ҷаласаи маҳфил донишҷӯёни бахшҳои гуногуни ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ, магистрантони ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ иштирок намуданд. Дар кори маҳфил мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод, н.и.и., дотсент Наҷмиддинзода А.Ю. муовини декани факултети дизайн Сафарова З., мудири шуъбаи илм, магистратура ва инноватсия Қобилова М.П., омузгорони кафедра ширкат варзиданд.

Дар маҳфил баромади магистранти соли таҳсили 1-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ Мусоева М.Ш. дар мавзуи илмии “Идораи молияи корхонаҳо дар Тоҷикистон” шунида шуд.

Аз тарафи донишҷӯён ва дигар ҳозирин саволҳо доир ба мавзӯи баромаднамудаи магистрант Мусоева М.Ш. пешниҳод гардида, посухҳои қонеъкунанда гирифта шуданд. Баромади пешниҳодгардида, ки ба масъалаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҳамаҷониба муҳокима гардид.