Рӯзи якшанбе, 31 октябр аҳли хобгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе – донишҷӯён ва кормандони хоҷагӣ якдилона ба ҳашар баромада, дар дохили бинои хобгоҳ ва гирду атрофи он маъракаи поккорӣ анҷом доданд.
-Ба маърака беш аз 100 нафар ихтиёран иштирок намуда, на танҳо дар роҳраву дохили ҳуҷраҳои хобгоҳ, балки дар саҳни ҳавлию атрофи бинои хобгоҳ низ тозакориҳои зиёдеро анҷом доданд,- гуфт дар суҳбат муовини ректори донишкада доир ба иқтисод ва иҷтимоиёт Давлатёр Шералиев.
Дар суратҳо: рафти ҳашар дар ҳудуди хобгоҳи донишкада.