Илму маорифи мо имкониятҳои фаровони рушд дорад

 Ҷамшед Ғанизода Шуҷоат,

ректори Донишкадаи давлатии санъати

 тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

Таваҷҷӯҳи хоса ба насли ояндасози ҷомеа, фароҳам овардани шароити созгори таҳсил ба хотири боло бурдани сатҳи фаҳмишу дониш ва маънавияти он, ки дар ояндаи наздик боиси таҳрик ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар мешаванд, бешубҳа аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои илму маориф гувоҳӣ медиҳанд. Ва бунёди ҳамасолаи шумораи зиёди мактабҳои нав, майдончаҳои варзишӣ, эълон ва баргузор намудани олимпиадаҳои фаннию озмунҳо, стипендияҳои президентӣ, грантҳою мукофотҳо барои олимони ҷавон ва  Паёми рӯзи 26 январи имсола пешниҳоди аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантон аз ҷониби Президенти мамлакат ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ба омӯзиши илму ҳунар ба ин далели бебаҳсанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба таври мушаххас аз рушди илму маориф дар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мисолҳо оварда, аз пешрафти бесобиқаи соҳаҳои мазкур мужда расонданд. Ман намунаи чунин як рушди созандаро дар мисоли Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дида метавонам. То замони таъсиси донишкада (соли 2013) дар ҷумҳурӣ таълимгоҳи олие набуд, ки ҳунарҳои рассомию дизайн омӯзонад. Баробари таъсиси донишкада бо мақсади таъмини он бо кадрҳои тахассусии соҳавӣ гуруҳе аз рассомон-омӯзгорони ботаҷриба аз Коллеҷи рассомии ҷумҳуриявии ба номи М. Олимов ва чанде аз устодони маъруфи санъати рассомӣ ва дизайн, аз ҷумла рассомони халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифов ва Исуф Сангов, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мизроб Холов, Акмал Миршакар, Фаррух Хоҷаев (ёдаш ба хайр), Каримҷон Наҷмиддинов, Аҳтам Сафаров, Наргис Ҳамидова ва дигарон ба кори таълиму тадрис ҷалб карда шуданд. Устохонаҳои донишкада – таълимии харротӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ, офортӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғайра бо ҳама олоту таҷҳизоти лозимӣ ҷиҳозонда шуда, донишҷӯён шаш рӯзи ҳафта машғулиятҳои амалии худро дар онҳо мегузаронанд.

Дар як муддати кутоҳ ҷиҳати фаъолияти бонизом ҳама шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда, ба таҳдоби таълимии донишкада асоси мустаҳкам гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки омӯзгорони мо, ки аксаран ҳунари рассомию дизайнерӣ  доранд, дар баробари пешбурди кори таълиму тадрис фаъолияти хуби эҷодӣ нишон медиҳанд. Маҳсули эҷоди онҳо дар намоишҳои асарҳои рассомону дизайнерон, ки дар толори намоишии донишкада ба таври мунтазам барпо мегарданд, ба намоиш гузошта шуда, асарҳои ҳанӯз номукаммали тозаэҷоди шогирдони онҳо бари деворҳои ду ошёнаи донишкадаро, ки факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ҷойгир шудаанд, зебу зинат мебахшанд.

Имрӯз мо ифтихормандем, ки хатмкардагони нахустини ягона мактаби олии касбии санъати тасвирӣ ва дизайни мо дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо ҳисси баланди масъулияти касбӣ фаъолият намуда, офарандагони зебоианд ва бо ҳунари афсункори худ зиндагию рӯзгори мардумро рангин менамоянд.

Дар Паёми имсолаи Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар дар баробари истифодаи дигар захираю имкониятҳо ба тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф мансуб дониста шудааст. Илму маорифи мо дар ин ҷода имконияту захираҳои фаровони рушд дорад. Муҳимаш – пайгиронаву мақсаднок ба кор андохтани онҳост.