Дар асоси нақшаи кории комиссияи қабул барои соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади ҷалби довталабону ҳавасмандони соҳаҳои санъати тасвирӣ, ороишӣ-амалӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дизайн рӯзҳои 22 – январ то 1- феврали соли 2020 дар ДДСТДТ рӯзҳои “Дарҳои кушод” бо намоиш додани корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён гузаронида мешавад.

Ҳамаи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва коллеҷҳо метавонанд, дар ин чорабинӣ иштирок варзанд.