02.05.2019. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тасмим гирифта буд, ки дар мавзӯи “Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ” Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор намояд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ, мудири бахши ҷавонони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок намуда, асарҳои рассомони ҷавони донишкадаро ба маърази тамошо гузошт.