14 феврали соли 2020 Ректори Донишкадаи санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон н.и.м., дотсент. Ғанизода Ҷ.Ш бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Точикистон  хонум Ясмин Гуедар  вохурӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Фаронса, мубодилаи донишҷӯёни ду кишвар муҳокима гардид.

Ҳамзамон хонум Ясмин Гуедар пешниҳод намуданд, ки номгуи либосҳои занонаи миллиамонро дар Фаронса таблиғ ва ташвиқ намоянд. Баъд-ин васила хонум Ясмин Гуедар таманно доранд, ки аз ҷониби бонувони Фаронса либоси занонаи мардумӣ истиқбол гирифта шуда, паҳн гардад.

Дар ояндаи наздик хонуми Ясмин Гуедар тасмим гирифтаанд, ки дар мавзуи муди либос барои омузгорон ва донишҷӯён семинар ва тренинг гузаронанд.

Ниҳоят дар охир хонуми Ясмин Гуедар ба донишкада якчанд китобҳои дизайнери ва таълими ба хайси тӯҳфа тақдим намуда оиди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.