ТАБРИКНОМА
85-солагӣ муборак, даргоҳи муқаддаси рассомӣ!
Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов” – нахустин боргоҳи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси санъати рассомӣ дар ҷумҳурӣ имрӯз ба санаи мубораки 85-солагӣ расид. Коллеҷ дар қатори беҳтарин муассисаҳои таълимии касбии кишвар ҳамчун даргоҳи муқаддас дар ташаккули шахсиятҳои соҳибистеъдоди соҳа шинохта шудааст.
Ин даргоҳи бонуфузи мутахассисони ҳирфаӣ бо мурури замон аз Омӯзишгоҳ то ба Коллеҷ чандин бор ном ва макон иваз карда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ ҳамчун аввалин мактаби рассомӣ шинохта мешавад. Теъдоди асосии мутахассисони самти санъати тасвирӣ, аз ҷумла наққошону кулолгарон ва ҳайкалтарошону кандакорони ҷумҳурӣ дар ин даргоҳ тарбият дидаанд.
Лоиқ ба таъкид аст, ки дар тӯли 85 соли фаъолияти худ Коллеҷро зиёда аз 4,5 ҳазор нафар шогирд хатм намудаанд. Феълан бисёре аз онҳо ҳамчун мутахассиси болаёқат дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он пурсамар кор мекунанд. Шумораи зиёди онҳо ба сифати омӯзгор дар Донишкадаи давлати санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фаъолият доранд. Айни замон дар Коллеҷ ҳайати муқтадири рассомони соҳибтаҷриба ва ҳам ҷавоне, ки сидқан тақдири омўзгорӣ ва ҳунарии худро ба ин муассиса пайвастаанд, ба насли наврас ҳунар меомӯзонанд. Саҳми Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дар тӯли 85 соли фаъолияташ дар ҷумҳурӣ беназир аст.
Раёсат, иттифоқи касаба ва кулли устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон роҳбарият ва ҳайати таълимию эҷодии Коллеҷро ба муносибати 85-солагии таъсисёбиаш табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар ҷодаи рушди санъати тасвирии ҷумҳурӣ комёбиҳои беназир таманно дорад.
Ҳаштоду панҷсолагии нахустин даргоҳи муқаддаси санъати рассомии Тоҷикистон муборак!