Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарбия маҷлиси кураторони гурӯҳҳои академӣ баргузор гардид. Раиси Шӯрои кураторони донишкада Алишер Эшонқулов оид ба сабабҳои паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, ки алҳол қисмати зиёди ҷаҳонро фаро гирифтааст,  сухан ронд.

Зикр гардид, ки дар донишкада ҷиҳати  пешгирии ин беморӣ чораҳҳои  мушаххас роҳандозӣ шудаанд ва минбаъд низ барои риояи қатъии тавсияи мутахассисону олимони соҳаи тиб тадбирҳои нав андешида хоҳанд шуд. Кураторонро зарур аст, ки миёни донишҷӯёну омӯзгорон барои эмин мондан аз сирояти ин вирус корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам беҳтар намоянд.

Сипас, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ  Ҷамила Худойбердиева вобаста ба риояи дастурамали  либосҳои тавсиявии донишҷӯён, истифода накардани телефонҳои мобилӣ дар ҳудуди донишкада ва дигар масъалаҳо суҳбат намуд.