Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба стратегияи чоруми Ҳукумати мамлакат — саноаткунонии босуръати кишвар бо ибтикори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили назариявӣ-амалии донишҷӯён “Менеҷер ва барномасози ҷавон” ва мизи мудаввар доир ба истифодаи самараноки воситаҳои иттилотӣ-иртиботии компютерӣ дар таълим баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳо роҳбари маҳфил Иргашева Н.А., муовини роҳбар Шарофудинзода С.С., омӯзгорони кафедра Сабзаев А.Б., Файзуллоева М.М., Холиқов Н.Ш., Муродалии Р.Қ., Сабзаев А.Б, донишҷӯёни ихтисоси 1-31030408 Қодиров Ҷ., Зубайдов Ш.Д. ва ихтисоси 1-26020103 Ниёзова Н., Исрофилзода Б.Ҷ., Шарипов Д.М.,  доир ба барномасозӣ, таҷрибаҳои беҳтарини татбиқшудаи ин самт дар асри XXI ҳамчун асри техникаву технология ва масъалаҳои муҳими иқтисодӣ-саноатӣ бо маърузаҳо баромад намуданд.