Китобхона аз давраи таъсиси муассиса фаъолият дорад. Дар китобхона 4 нафар – мудири китобхона, мутахассис-китобдор, мутахассис-библиограф ва мутахассиси фонди электронӣ кор мекунанд. Фонди китобхона 9425 адад китобҳо ва фонди электронӣ 5200 адад китобро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ китобхона дорои 14625 китоб мебошад.
Аксари кулли китобҳо соҳавӣ буда, шумораи ками онҳо адабиёти бадеӣ мебошад Фаъолияти китобхона барои мукаммал гардонидани дониши назариявии донишҷӯён ва устодон равона карда шудааст. Аз шумораи умуми донишҷӯён аъзои фаъоли китобхона 1349 нафар (84, 4%), муаллимон 100 нафар мебошанд.
Дар китобхона ғайр аз хизматрасонӣ ба хонандагон тибқи нақшаи корӣ силсилаи чорабиниҳо доир ба санаҳои муҳим гузаронида мешаванд. Айни замон дар китобхона шабакаи компютерӣ фаъолият дорад. Ҳамаи кормандони Донишкада ба захираҳои иттилоотии китобхона дастрасӣ пайдо карда метавонанд.
Одинабеков Умед Зулфиқорович
мудири Китобхона
Одинабеков Умед Зулфиқорович 20 сентябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёт хатм кардааст. Айни замон ба сифати мудири китобхона фаъолият менамояд.