Sunday, May 11, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

Зуҳуроти нангине, ки дар ҳама замонҳо маҳкум шудааст

18.03.2020

Аз таърихи коррупсия

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон, нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияро дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV т.м.), дертар дар қонунҳои Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар он замонҳо мафҳуми “коррупсия” ба маъноҳои фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод гардида, ҳамчун рафтори истифода намудани мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд. Масалан: дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» омадааст: «Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту корагар бошад, кўшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кўтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».

Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки маҳз аз байн рафтани давлатдории Юнони қадим, агар аз як тараф кишваркушоиҳои бисёр бошад, аз тарафи дигар, ришвахориву тамаъҷўйӣ дар дохили ҳукумат буд, ки сабаби хароб гаштани  пояҳои давлатдорӣ ва оқибат пароканда шудани он гардид.

Ривоятест, ки замони давлатдории ҳахоманишиён, ҳангоми сари қудрат будани шоҳ Дориюш қозие бар ивази пул ҳукми ноодилона содир намуд. Бо фармони шоҳ пўсти он қозиро канда, ба курсии кориаш рўйпўш карданд. Сипас шоҳ ба писари он қозӣ дастур дод, ки ба ҷойи падараш қозӣ шавад ва ба курсии рўйпўши пўсти падараш бинишинад ва доимо дар хотир дошта бошад, ки ҳар нафари ришвахӯрро оқибати кор чунин аст.

Дар аҳди император Ивани III дар империяи Рус агар ба ҷиноятҳои ба ришва алоқаманд адои ҷазо дар шакли ҳабс дар маҳбасхонаҳо пешбинӣ шуда бошад, дар аҳди набераи ў, ки бо тахаллуси Иван Грозний маъруф аст, барои ришвахӯрон ҳукми қатл татбиқ карда мешуд.

Инчунин дар рисолаҳо ва китобҳои муқаддаси динӣ низ дар бобати ришвахӯрӣ ҳукмҳои хеле қотеъ ба чашм мерасанд. Масалан, дар “Қуръон”  омадааст: «Моли мардумро нахўред, қозиёнро нахаред, ки дар ҳузури Худованд гунаҳгор ҳисобида шуда, аз зумраи зиёнкорон хоҳед буд». (Сураи ал-Бақара/ 188). Дар Инҷил низ гуфта мешавад, ки «Зиёфат ва тўҳфаҳо гашти хирадмандонаро кўр мегардонад ва ҳамчун ҷароҳат дар рўй андомашро безеб мегардонад» (сураи Юҳанно, 20-29).

Дар тақвияти гуфтаҳои боло, бояд қайд кард, ки дар осори бузургони адабиёти форсу тоҷик, амсоли Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарҳо низ ришвахӯрию ришваситонӣ шадидан маҳкум карда шудааст.

Мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки “коррупсия” дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст, лекин дар асри 21 амалҳои коррупсионӣ аз доираи минтақавиашон берун рафта, ба ҷиноятҳои трансмиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баробар гашта, хатари ҷиддии умумиҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Аз ин хотир бо иқдоми СММ 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи давлати Мексика бо ширкати намояндаи зиёда аз сад давлати ҷаҳон конгресс баргузор гардида, дар он Конвенсияи СММ бар алайҳи коррупсия таҳия гардид. Аз он рўз инҷониб, 9 декабр чун Рўзи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия дар ақсои олам эълон шудааст.

Коршиносон қайд мекунанд, ки зарурати дар сатҳи байналмилалӣ эълон доштани паймони мазкур далели он буд, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон амалҳои коррупсионӣ ба авҷи аълояш расида, ҳолати ташвишовар ва нигаронкунанда дошт.

Ин доғи рўз торафт дар тамоми давлатҳои ҷаҳони муосир вусъат ёфта, барои амният ва суботи ҷомеаи мутамаддин таҳдиди ҷиддиро ба вуҷуд оварда, ба раванди ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолати иҷтимоӣ монеаи бузург гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2006 ба санади мазкур имзои худро гузошт ва соли 2008 Парлумони кишвар паймони байналмилалиро ба тасвиб расонид.

Ҷиҳати вусъат бахшидани мубориза бар коррупсия ва дастгирии ҳамаҷонибаи Конвенсияи СММ дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2007 мақоми махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ташкил карда шуда, он фаъолияти пурсамари худро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Ташкил ёфтани ин мақомот дар самти муборизаи зидди коррупсия  гардиши куллӣ ба миён оварда, то ин ҷониб якчанд санади меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба талаботи Конвенсияи байналмилалӣ қабул ва дар амал татбиқ шудаанд. Илова бар ин, 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардида, иҷроиши талаботи Стратегияи мазкур ба анҷом расонида шуд. Ҳамчунин, дар соли 2013 боз як санади дигари хеле зарурӣ ва саривақтӣ, яъне «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, ки мақсаду мароми он коҳиш додани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳо ба рушди иқтисодиёт ва демократия мебошад.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буд, мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузорад.

Қурбонов З. М.,

ҳуқуқшиноси донишкада 

Ба қафо

ФУНЦИЯ СЕМЬИ В ПРОФИЛАКТИКЕ ВИРУСА ИММУНОДЕФИЦИТА У ДЕТЕЙ В ТРАДИЦИОННОМ ОБЩЕСТВЕ

Ба пеш

Фестивали муд-2020

Ба пеш
Кафедраи тарҳрезии бадеии либос

Фестивали муд-2020

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон