Дар толори китобхонаи донишкада даври аввали дохилидонишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки тибқи фармоиши ректори донишкада дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 №АП-1165, ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи боло бурдани завқи китобхонию қобилияти эҷодии донишҷӯён, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон соли 2020 миёни кормандон, омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрҳои донишкада ба амал бароварда шавад, баргузор гардид. Шонздаҳ нафар довталаб аз ҷумлаи донишҷӯён ва магистрон ҳунари шеърдонию шеърхонӣ ва қиссагӯйии худро аз адабиёти классикию муосири тоҷик ба намоиш гузоштанд.
Аъзои комиссия дар ҳайати Ҷамила Худойбердиева -муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ, Сайиднуриддин Акобиров – котиби илмии Шӯрои олимон, Бика Ёғибекова – мудири китобхона, Гулистон Саъдиева – мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, Ҳикматулло Саидиён – мутахассис-китобшиноси китобхона, котиби комиссия Ҳокимхон Шокиров – муаллими калони кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, ба ҳунари донишҷӯён Нӯшофарин Қурбонзода, Ҳамидамоҳ Розиқова, Асрия Шоназриева, Рухшона Остонаева, Фарзона Атоева, магистрон Мавҷигул Сатторова, Фахриддин Эмомов, бакалавр Сабрина Мамадносирова дар ҳифзи назму насри адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва тарзи дурусти ба сомеъон расонидани онҳо баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки ба даври дуюми дохилидонишкадавии озмун омодагии ҷиддӣ бинанд.