Имрӯз, 16-уми майи соли 2023 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи истиқболи ҷашнвораҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10-солагии таъсисёбии Донишкада бо ташаббуси шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия маҳфили илмӣ-эҷодии Раёсат зери унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон- Муҳтарам Ҳотам, шоирон Сафархон Амирхон ва Мирзо Қурбоналӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил адибон дар бораи Ватан, табиати зебои Тоҷикистон, Пешвои миллат, шаҳри Душанбе, вақт, ҷавонӣ, зиндагӣ ва монанди ин шеърхонӣ намуданд.
Дар маҳфил хати асосиро дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтихор аз таъриху фарҳанги пурғановати хеш, пос доштани мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии ниёгон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, садоқату мардонагӣ, ҷасорату матонат, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ ва аз бар намудани касбу ҳунар ташкил медод.
Маҳфил бо сухани хотимавии ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҷамъбаст гардид.