Муҳтарам профессорон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳуҷҷати ҳуқуқие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.
Конститутсияи Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми шарафманди кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар Қонуни Асосии Тоҷикистон арзишҳои олии ҳаёти ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, эътирофи волоияти қонун, эътирофи арзишҳои олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва монанди ин таҷассуми худро ёфтаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) аз дигар Конститутсияҳои қаблии пеш аз замони соҳибистиқлолӣ дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд.
Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст.
Тасдиқи гуфтаҳои болоро дар рушди ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ метавон мушоҳида кард, чун бо азму талоши мардуми шарифи Тоҷикистон ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгори мардум таъмин гардида истодааст.
Бо ҳамин таманниётҳои нек ва самимияти хос бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати 30-солагии Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракати рӯзгорро таманно дорам.