Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Инчунин он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Бо ҳамин мақсад санаи 08.05.2024 дар толори Донишкадаи давлатии санъатӣ тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чорабинии фарҳанги-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи “Иди Ғалаба” таҳти унвони “Ватан имрӯзи мо, ояндаи мост” баргузор гардид. Баъд аз суханони табрикотии ректори Донишкада н.и.т, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намудаанд. Дар фарҷом баҳри болидахотирии аҳли нишаст аз ҷониби ҳунармандони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барномаи фарҳангии саршор аз суруду таронаҳои дилписанд дар бораи меҳри ватан-модар пешкаши бинандагон гардид.